https://sputnik.tj/20230207/kharji-tojikiston-nafaqa-1054737284.html
Харҷи Тоҷикистон барои нафақа маълум шуд
Харҷи Тоҷикистон барои нафақа маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми як соли охир дар Тоҷикистон шумораи нафақахурон зиёд гардида, интизор меравад, ки ҳаҷми нафақапулӣ низ 20% зиёд карда шавад
2023-02-07T15:40+0500
2023-02-07T15:40+0500
2023-02-07T15:59+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нафақа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар соли 2022 барои пардохти нафақа дар Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.Дар ин бора мудири Агентии суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон, Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, афзуд, ки шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ тайи соли гузашта афзоиш ёфт. Ба гуфтаи маълум гардид, хароҷот барои пардохти нафақа дар як моҳ 257,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, дар аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо 10 миллион нафар аҳолӣ беш аз 763 ҳазор нафақахӯр рост меояд. Ба иттилои раиси Агентӣ, теъдоди нафақагирон нисбат ба соли 2021 ҳудуди 1,8% ё беш аз 13,5 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамзамон, аз шумораи умумии нафақахӯрон зиёда аз 159,1 ҳазор нафарашон барои маъюбӣ мегиранд. Теъдоди нафақагирон барои маъюбӣ дар муқоиса бо соли гузашта 1,3 ҳазор нафар зиёд гардидаст. Ҳаҷми миёнаи нафақа 325 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки бо фармони президенти Тоҷикистон аз нимаи соли равон нафақаҳои суғуртавӣ, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16% индексатсия мешаванд.Нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ афзоиш меёбад.
https://sputnik.tj/20230206/farmoni-prezident-maoshu-stipendiya-1054715100.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нафақа, чанд, нафар
тоҷикистон, нафақа, чанд, нафар
Харҷи Тоҷикистон барои нафақа маълум шуд
15:40 07.02.2023 (Навсозишуда: 15:59 07.02.2023) Дар давоми як соли охир дар Тоҷикистон шумораи нафақахурон зиёд гардида, интизор меравад, ки ҳаҷми нафақапулӣ низ 20% зиёд карда шавад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар соли 2022 барои пардохти нафақа дар Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин бора мудири Агентии суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон, Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, афзуд, ки шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ тайи соли гузашта афзоиш ёфт.
Ба гуфтаи маълум гардид, хароҷот барои пардохти нафақа дар як моҳ 257,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, дар аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо 10 миллион нафар аҳолӣ беш аз 763 ҳазор нафақахӯр рост меояд.
Ба иттилои раиси Агентӣ, теъдоди нафақагирон нисбат ба соли 2021 ҳудуди 1,8% ё беш аз 13,5 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Ҳамзамон, аз шумораи умумии нафақахӯрон зиёда аз 159,1 ҳазор нафарашон барои маъюбӣ мегиранд. Теъдоди нафақагирон барои маъюбӣ дар муқоиса бо соли гузашта 1,3 ҳазор нафар зиёд гардидаст. Ҳаҷми миёнаи нафақа 325 сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки бо фармони президенти Тоҷикистон аз нимаи соли равон нафақаҳои суғуртавӣ, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16% индексатсия мешаванд.
Нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ афзоиш меёбад.