Бозкушоии сафорати Эрон дар Арабистони Саудӣ баъд аз ҳафт сол

© AFP 2023 / FAYEZ NURELDINEПосольство Ирана в Саудовской Аравии
Посольство Ирана в Саудовской Аравии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Обуна шудан
Ифтитоҳи дарҳои намояндагии дипломатӣ пас аз чанд соати эълони вуруди ҳайати Эрон ба Арабистони Саудӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Сафорати Эрон дар Арабистони Саудӣ пас аз 7 соли таваққуф дубора боз шуд, иттилоъ додааст рӯзномаи маҳаллии “Ал-Оқаз”.
Сафорати Эрон баъд аз 7 соли таваққуф бар асоси созиши барқарории равобит бо Риёз дарҳои худро боз кард.
Кушодани дарвозаҳои намояндагии дипломатӣ пас аз чанд соат аз эълони вуруди ҳайати Эрон ба ин кишвар сурат гирифт.
Пештар сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфта буд, ки барои омода кардани сафорат ва консулгарӣ ва барои азсаргирии кори мутахассисони фаннӣ ба Риёз эъзом шудаанд.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Яхҳо об мешаванд: Раисҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ меравад
Ёдовар мешавем, ки моҳи март Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бораи барқарор кардани равобит созишнома имзо карданд.
Ин тавофуқҳо пас аз гуфтугӯҳои чандрӯза дар шаҳри Пекини Чин миёни Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ ва ҳамтои саудӣаш ба даст омадаанд.
Гуфта мешавад, ки кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар заминаҳои амниятӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ аз сар бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0