https://sputnik.tj/20230404/yakhho-ob-meshavand-raisjumhuri-eron-ba-arabistoni-saudi-meravad-1056148110.html
Яхҳо об мешаванд: Раисҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ меравад
Яхҳо об мешаванд: Раисҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ меравад
Sputnik Тоҷикистон
Теҳрон ахиран эълон доштааст, ки раисҷумҳури Эрон ба даъвати подшоҳи Арабистони Саудӣ барои сафар ба Риёз посухи мусбат дода аст
2023-04-04T14:36+0500
2023-04-04T14:36+0500
2023-04-04T14:36+0500
эрон
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
равобит
ар-риёз
раисӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055376547_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f7f3a0e3e2e415173c6cf04353b5b539.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муъовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммади Мухбир ахиран аз даъвати подшоҳи Арабистони Саудӣ аз раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ барои дидор ва гуфтугу бо якдигар хабар доду гуфт, малик Салмон аз Раисӣ даъват кард, ки посухи мусбат ба ин даъват дода шуда аст.Вай гуфт, роҳбурдҳои аслии Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон иртиқои равобит бо кишварҳои минтақа буда аст.Қобили зикр аст, ки тавофуқиду кишвар барои барқарории равобити ду ҷониба ки бо миёнҷигарии Чин анҷом шуд, истиқбол бисёре аз мақомоти расмӣ ва шахсиятҳои сиёсию иҷтимои кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошт.Аксари онҳо иброз умедворӣ карданд ки ин тавофуқи тағироти қобили таваҷҷуҳиро дар муодилоти минтақае эҷод хоҳад карду мунҷар ба коҳиши сатҳи танишҳо дар ҳавзаи халиҷ Форс хоҳад шуд.Барои мисол ба гуфтаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф эҳёи равобит бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои минтақаӣ аст.Ҳамзамон сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ахиран гуфта буд, ки кишвараш аз тасмими Теҳрон ва Риёзро барои азсаргирии равобити дипломатик ҳимоят мекунад.Ин мақоми тоҷик, изҳор доштааст, ки вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз тавофуқи ду кишвар барои барқарории муносиботи дипломатик истиқбол карда ва ин иқдомро қадамии муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи ховари миёна арзёбӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230314/maqomi-tojik-taahudot-uzviyati-eron-shsh-1055483012.html
эрон
ар-риёз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055376547_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_5bafb6ddf7027be9a9dd379db7c44e88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, арабистони саудӣ, равобит, сиёсат, сафар, раисӣ, риёз, теҳрон, осиё
эрон, арабистони саудӣ, равобит, сиёсат, сафар, раисӣ, риёз, теҳрон, осиё
Яхҳо об мешаванд: Раисҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ меравад
Теҳрон ахиран эълон доштааст, ки раисҷумҳури Эрон ба даъвати подшоҳи Арабистони Саудӣ барои сафар ба Риёз посухи мусбат дода аст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муъовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммади Мухбир ахиран аз даъвати подшоҳи Арабистони Саудӣ аз раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ барои дидор ва гуфтугу бо якдигар хабар доду гуфт, малик Салмон аз Раисӣ даъват кард, ки посухи мусбат ба ин даъват дода шуда аст.
Вай гуфт, роҳбурдҳои аслии Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон иртиқои равобит бо кишварҳои минтақа буда аст.
Қобили зикр аст, ки тавофуқиду кишвар барои барқарории равобити ду ҷониба ки бо миёнҷигарии Чин анҷом шуд, истиқбол бисёре аз мақомоти расмӣ ва шахсиятҳои сиёсию иҷтимои кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошт.
Аксари онҳо иброз умедворӣ карданд ки ин тавофуқи тағироти қобили таваҷҷуҳиро дар муодилоти минтақае эҷод хоҳад карду мунҷар ба коҳиши сатҳи танишҳо дар ҳавзаи халиҷ Форс хоҳад шуд.
Барои мисол ба гуфтаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф эҳёи равобит бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои минтақаӣ аст.
Ҳамзамон сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ахиран гуфта буд, ки кишвараш аз тасмими Теҳрон ва Риёзро барои азсаргирии равобити дипломатик ҳимоят мекунад.
Ин мақоми тоҷик, изҳор доштааст, ки вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз тавофуқи ду кишвар барои барқарории муносиботи дипломатик истиқбол карда ва ин иқдомро қадамии муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи ховари миёна арзёбӣ мекунад.