Зокирзода бо як ҳайати бузург аз Тоҷикистон ба Петербург сафар кард

© Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони ТоҷикистонРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Ҳадафи сафари ҳайати бузург аз Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург ин иштирок дар ҷаласаи пленарии 55-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ мебошад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар раъси як ҳайат ба шаҳри Санкт Петербург сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Манбаъ меафзояд, ба ҳайате, ки Зокирзодаро дар ин сафар ҳамроҳӣ намуданд, намояндагони парлумони Тоҷикистон мебошанд.
Ҳадафи сафари ҳайати бузург аз Тоҷикистон ба Петербург ин иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи пленарии 55-уми Ассамблея дар ин шаҳр мебошад.
Зикр гардид, ки ҳайати Тоҷикистон дар баробари дигар вакилони парлумонҳои давлатҳои аъзои Ассамблея бештар масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки аксари онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои ИДМ бахшида шудаанд.
Зокирзода бо даъвати Иттиҳоди парлумонии СҲИ ба Алҷазоир рафт
Маврид ба зикр аст, ки аввали соли равон Зокирзода бо даъвати Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ ба Алҷазоир сафар карда буд.
Лентаи хабарҳо
0