Зокирзода бо даъвати Иттиҳоди парлумонии СҲИ ба Алҷазоир рафт

© Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони ТоҷикистонРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар 17-умин ҷаласаи Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода дар раъси як ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур бо даъвати Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ анҷом дода шуда, аз 28 то 31 январ идома меёбад.
Манбаъ афзуд, ки Зокирзода дар кори 17-умин ҷаласаи Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ хоҳад кард..
Маврид ба зикр аст, ки Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчун майдони фарохи вокуниш ба чолишҳои замони муосир ва рафъи оқибатҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷаҳони ислом нақши муҳим дорад. Созмони мазкур 57 мамлакатро муттаҳид менамояд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Кишварҳои исломӣ аз узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ карданд
Қаблан, кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ аз номзадииТоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карданд.
ВУХ Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои СҲИ дар қароргоҳи СММ давлатҳои узв якдилона ҷонибдорияшонро аз узвияти ғайридоимии ҶТ дар Шӯрои амнияти созмон барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии кишвар, аз иштироки фаъоли ҷумҳурӣ дар чорабинҳои СММ ва таҷрибаи беназири он зикр намудаст.
Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0