Ҳаракати мошинҳо дар як қисмати роҳи Душанбе ба маҳдудият дучор мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗнак "Стоп", архивное фото
Знак Стоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Дар робита ба ҷорӣ шудани маҳдудият аз ронандагон дархост шуд, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Душанбе сар аз 12 апрел аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ барои ҳаракати тамоми намуди нақлиёт маҳдудият ворид мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Ин ниҳод иллати ҷорӣ шудани маҳдудиятро ба гузарондани корҳои сохтмониву навсозии роҳи мошингард рабт дод.
Зикр гардид, ки бинобар шурӯъ шудани корҳои сохтмону навсозии роҳ, ҳаракати мошинҳо аз хиёбони Саъди Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ марҳила ба марҳила маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Перекрытие дорог в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Боз кадом кӯчаҳои шаҳри Душанбе барои таъмир баста мешаванд?
Дар ҳамин ҳол, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост шуд, ки бо назардошти муваққатан маҳдуд гардидани қисматҳои алоҳидаи роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намудоянд.
Ҳамчунин талаб гардид, ки ронандаҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Қаблан, хиёбони Б.Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ бинобар оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ роҳ барои ҳаракати нақлиёт баста шуд.
Ин масир аз 18 март масдуд шуд ва шаҳрдорӣ аз ронандагон хост аз хиёбонҳои Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Муродулло Шерализода, Маяковский, Баҳоуддинов ва Бунёдкорон истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0