Боз кадом кӯчаҳои шаҳри Душанбе барои таъмир баста мешаванд?

Обуна шудан
Оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Б.Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад
Шаҳрдории Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро огоҳ кардааст, ки бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ аз 18 март, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.
Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти "Азнавсозии хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз хиёбони Ҷаббор Расулов то кӯчаи Алишери Навоӣ)" амалӣ шуда истодаанд.
“Бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ муваққатан қатъ карда мешавад”,- таъкид намудааст шаҳрдорӣ.
Дар ин робита мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
Ҳушдори шаҳрдорӣ дар бораи роҳбандӣ: Боз кадом кӯчаи Душанбе таъмир мешавад?
Аз ҷумла шаҳрдорӣ хоҳиш кардааст, аз хиёбонҳои Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Муродулло Шерализода, Маяковский, Баҳоуддинов ва Бунёдкорон истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0