https://sputnik.tj/20230411/tojikiston-zaminlarza-rukh-dod-1056364228.html
Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод
Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод
Sputnik Тоҷикистон
Заминларзаи навбатиро зилзиласанҷони кишвари ҳамсоя дар шарқи ҷумҳурӣ воқеъ дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ сабт кардаанд
2023-04-11T10:55+0500
2023-04-11T10:55+0500
2023-04-11T10:58+0500
дар тоҷикистон
заминларза
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии назорати пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон. Ба иттилои манбаъ, заминларза дар 40-километрии Хоруғ дар ҳудуди ВМКБ ба қайд гирифта шудааст. Заминларза соати 10:24 ба вақти Душанбе рух дода, шиддати он ба андозаи 4.1 балл будааст. Маркази заминларза дар умқи 215 километр воқеъ будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ иттилоъ надодааст. Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларзаҳои харобиовар ба вуқӯъ пайваст. Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил дод. Дар ҷараёни ҳодисаи фавқулода беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.
https://sputnik.tj/20230327/eloni-khisoroti-zaminlarza-dar-mastchoh-1055777838.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон заминларза вмкб
тоҷикистон заминларза вмкб
Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод
10:55 11.04.2023 (Навсозишуда: 10:58 11.04.2023) Заминларзаи навбатиро зилзиласанҷони кишвари ҳамсоя дар шарқи ҷумҳурӣ воқеъ дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ сабт кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии назорати пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, заминларза дар 40-километрии Хоруғ дар ҳудуди ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.
Заминларза соати 10:24 ба вақти Душанбе рух дода, шиддати он ба андозаи 4.1 балл будааст.
Маркази заминларза дар умқи 215 километр воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ иттилоъ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларзаҳои харобиовар ба вуқӯъ пайваст. Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил дод.
Дар ҷараёни ҳодисаи фавқулода беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.