Бастрикин: Мақомоти минтақаҳои Русия метавонанд ба мутобиқшавии муҳоҷирон кумак кунанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРабота сервиса доставки еды
Работа сервиса доставки еды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Обуна шудан
Мутобиқ нашудани меҳмонон ба тафаккури русӣ сабаби афзоиши мизони қонуншикании муҳоҷирон аст, мегӯяд раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мақомоти давлатии субъектҳои Русия ва худидоракунии маҳаллӣ бояд дар кори мутобиқсозии муҳоҷирон ба ҳаёти кишвар бевосита ҷалб карда шаванд.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин хабар дод.
Вай аҳамияти ҳамкорӣ бо "диаспораҳои маҳаллӣ"-ро таъкид кард.
"Масъулияти ин иттиҳодияҳо метавонад як қисми кор оид ба мутобиқсозии забонӣ, фарҳангӣ ва таҳияи барномаҳои дахлдори ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории воридшударо дар бар гирад", - гуфт Бастрикин.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз мутобиқ нашудани меҳмонон ба тафаккури русӣ сабаби афзоиши афзоиши мизони қонуншикании муҳоҷирон аст.
Ӯ дар мусоҳиба бо "Интерфакс" тавзеҳ дод, ки ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон аз рӯи ягон хусусияти мушаххас фарқ намекунанд.
"Аз ҷумлаи омилҳое, ки меҳмонро ба рафтори ғайриқонунӣ водор мекунанд, ноустуворӣ, дур мондан аз оила, бетартибиҳои хонаводагӣ, мушкилоти моддӣ ва дар натиҷа ноамнии иҷтимоиро метавон ном бурд", - гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи тафтишоти ФР ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки корфармоён барои кормандон масъулияти иҷтимоӣ дошта бошанд.
Председатель Следственного комитета РФ Александр Бастрыкин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Бастрикин: Шумори ҷинояти муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
"Ба зиммаи корфармоён гузоштани уҳдадории таъмини муҳоҷирони корӣ бо манзил, ҷуброни хароҷоти нақлиётӣ барои сафар ба ҷои кор дар Русия ва тарки кишвар ҳангоми қатъи кор бамаврид аст", - афзудааст номбурда.
Қаблан раиси ӯ аз афзоиши ҷиноят дар миёни муҳоҷирон хабар дода буд.
Ҳамин тариқ, дар соли 2022 нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар қиболи соли 2021 тақрибан 3 маротиба зиёд аст.
Бастрикин зикр кард, ки мавориди муқовимат ба талаби маъмурони интизомӣ ва ҳамла ба маъмурони интизомӣ дар миёни муҳоҷирон бештар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0