https://sputnik.tj/20230410/bastrikin-shumor-jinoyat-muhojiron-afzoish-1056358187.html
Бастрикин: Шумори ҷинояти муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
Бастрикин: Шумори ҷинояти муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2022 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 тақрибан 3 баробар зиёд будааст
2023-04-10T19:58+0500
2023-04-10T19:58+0500
2023-04-10T19:58+0500
дар русия
муҳоҷират
парванда
парвандаи ҷиноӣ
муҳоҷирони корӣ
александр бастрикин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050486291_0:227:2835:1821_1920x0_80_0_0_70b6d9d9533b534661e855a5d8501d2a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи муҳоҷирон барои расонидани осеби вазнин ба саломатӣ 5 баробар афзоиш ёфтааст.Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта 893 парванда аброи куштор боз шудааст, ки нисбат ба соли 2021 панҷ маротиба зиёдтар аст.Раиси Кумитаи тафтишоти Русия афзуд, ки дар соли 2022 дар маҷмуъ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки нисбат ба соли 2021 се баробар зиёд аст.Бастрикин ҳамчунин зикр кард, ки мавориди муқовимат ба тақозои маъмурони интизомӣ ва ҳамла ба маъмурони интизомӣ дар миёни муҳоҷирон бештар шудааст."Бо иштироки муҳоҷирон аксар вақт задухӯрдҳои оммавӣ ба сурат мегирад, ки боиси вокуниши васеъ мегардад. Аксари ин амалҳои ҷиноӣ аз ҷониби меҳмонон аз кишварҳои Осиёи Марказии ИДМ содир мешаванд", - гуфт раиси Кумитаи тафтишоти Русия.Вай тавзеҳ дод, ки шаҳрвандони солхӯрда ва беҳифозат аксар вақт қурбонии ҷиноятҳои муҳоҷирон мешаванд.Қаблан дар Маскав чанд нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми барангехтани низоъ ва занозанӣ дар пойтахт дастгир шуда буданд.Онҳо амалҳои ғайриқонунии худро наворбардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд ва ҳамин тариқ "дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро" намоиш доданд.Ҳамзамон, ба ҳамлаҳои пешакӣ тарҳрезишуда, ноболиғон ҷалб карда мешаванд. Барои задухӯрдҳо оммавӣ ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр интихоб карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20230410/rohandozii-telefon-bovari-muhojironi-tojik-rusiya-1056350122.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050486291_51:0:2782:2048_1920x0_80_0_0_7b360537a50c1b09e8916c0bfce5773a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷирон, ҷиноят, афзоиш, бастрикин, парвандаи ҷиноӣ, шаҳрвандони хориҷӣ
русия, муҳоҷирон, ҷиноят, афзоиш, бастрикин, парвандаи ҷиноӣ, шаҳрвандони хориҷӣ
Бастрикин: Шумори ҷинояти муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
Дар соли 2022 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 тақрибан 3 баробар зиёд будааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи муҳоҷирон барои расонидани осеби вазнин ба саломатӣ 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта 893 парванда аброи куштор боз шудааст, ки нисбат ба соли 2021 панҷ маротиба зиёдтар аст.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия афзуд, ки дар соли 2022 дар маҷмуъ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки нисбат ба соли 2021 се баробар зиёд аст.
Бастрикин ҳамчунин зикр кард, ки мавориди муқовимат ба тақозои маъмурони интизомӣ ва ҳамла ба маъмурони интизомӣ дар миёни муҳоҷирон бештар шудааст.
"Бо иштироки муҳоҷирон аксар вақт задухӯрдҳои оммавӣ ба сурат мегирад, ки боиси вокуниши васеъ мегардад. Аксари ин амалҳои ҷиноӣ аз ҷониби меҳмонон аз кишварҳои Осиёи Марказии ИДМ содир мешаванд", - гуфт раиси Кумитаи тафтишоти Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки шаҳрвандони солхӯрда ва беҳифозат аксар вақт қурбонии ҷиноятҳои муҳоҷирон мешаванд.
Қаблан дар Маскав чанд нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми барангехтани низоъ ва занозанӣ дар пойтахт дастгир шуда буданд.
Онҳо амалҳои ғайриқонунии худро наворбардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд ва ҳамин тариқ "дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро" намоиш доданд.
Ҳамзамон, ба ҳамлаҳои пешакӣ тарҳрезишуда, ноболиғон ҷалб карда мешаванд. Барои задухӯрдҳо оммавӣ ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр интихоб карда мешаванд.