Киев пас аз ифшои асноди маҳрамонаи "Нақшаи низомӣ”- и худро тағйир дод

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкРабота танкистов в зоне СВО
Работа танкистов в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Телевизиони “CNN” хабр додааст, Украина пас аз ифшои асноди маҳрамона дар бораи ваъияти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барномаҳои низомии худро ислоҳ кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Шабакаи телевизиюнии Амрикои “CNN” ба нақл аз як манбаи ношиноси наздик ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина муддаи шуд, ки Киев "бархе тарҳҳои Низомӣ"-ро ба далели ифшои асноди маҳрамона дар тавсифи вазъияти неруҳои мусаллаҳи Украина ислоҳ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Украина қаблан бархе аз барномаҳои низомии худро ба далели дарзи иттилоот тағйир додааст", - иттилоъ додааст манбаъ.
Айни ҳол, шабакаи телевизиюнӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мушаххас накард ки ин тағйирот дақиқан чӣ ҳастанд ва дар чӣ миқёсе ҳастанд.
Ахиран расонаҳо навиштанд, ки Пентагон дар ҳоли баррасии як нашт дар шабакаи иҷтимоӣ аз матолибе аст, ки вазъияти неруҳои Украина ва барномаҳои ИМА ва НАТО барои тақвияти онҳоро тавсиф мекунад.
Рӯзномаи “Ню-йорки таймс” хотирнишон кард, ки асноди марбут ба авоили моҳи март зоҳиран дар "каналҳои телеграмии тарафдори давлати Русия" мунташир шудааст.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пригожин гуфт, Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ чӣ қадар сарбоз ҷамъ намудааст
Ҳамзамон ахиран дар мавриди интишори бахши ҷадиде аз аснод шинохта шуд. Ба гуфта ин нашрия беш аз 100 санад метавонад дар интернет бошад, хисороти ношӣ аз ин ҳодиса қобили тавваҷуҳ тахмин зада мешавад.
Инчунин хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз мақомоти амрикоӣ, ҷаъли матолиби маҳрамонаи марбут ба неруҳои украиниро рад накард.
Сухангӯии раёсати Русия Димитрий Песков, дар посух ба суоле дар бораи ифшои ин хабар гуфт, ки Маскав дар мавриди дахолати мустақим ё ғайримустақими ИМА ва НАТО дар даргире тардид надорад.
Лентаи хабарҳо
0