Афғонистон дар феҳристи кишварҳои дар маърази хатари қаҳтӣ

© AFP 2023 / Sanaullah SeiamПреданные мусульмане в первый день священного месяца Рамадан в мечети в Кандагаре, Афганистан
Преданные мусульмане в первый день священного месяца Рамадан в мечети в Кандагаре, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Обуна шудан
Созмони Миллали Муттаҳид ахиран дар бораи хатари ҷиддии қаҳтӣ дар чандин кишвари ҷаҳон аз ҷумла дар Афғонистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) эълом кард, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз мардум дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Афғонистон бо хатари қаҳтӣрӯ ба рӯ ҳастанд.
СММ дар сҳифаи твиттерии худ навишт илова бар Афғонистон, кишварҳои Сумолӣ, Эфиопия, Яман, Нигерия, Судони ҷанубӣ, Буркина Фасо ва Ҳаитӣ низ дар сатҳӣ бесобиқа, бо қаҳтӣ мувоҷеҳанд.
Пеш аз ин, соири ниҳодҳои СММ гуфта буданд, ки ҳудуди 6 миллион афғон дар чанд қадамӣ қаҳтӣ қарор доранд.
Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи СММ низ пештар эълом карда буд Афғонистон бо бузургтарин буҳрони башардӯстонаи худ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Ҳушдори ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи густариши фақр дар Афғонистон
Ин идора, дар гузорише эълом кард аз 28 миллион ҷамъияти Афғонистон, ки ба кумак ниёз доранд, шуракои башардӯстонаи кумакрасонӣ ба 23, 7 млн нафарро увлавият додаанд.
Ба иттилои СММ 20 миллион шаҳрванди Афғонистон дар соли 2023 бо гуруснагии шадид ва 6 миллион тан бо қаҳтии рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, 875 ҳазор кудак дар соли 2023 аз сўйи тағзияи шадид ва 2,3 млн кӯдак аз сўйи тағзияи нима шадид ранҷ хоҳанд бурд.
СММ ҳушдор додааст, ки агар Афғонистон вориди сеюмин соли хушксолӣ шавад, сӯйитағзия дар ин кишвари 20 дарсад нисбат ба вазъияти феълӣ бештар хоҳад шуд.
Бар пояи арзёбиҳои СММдар пайи тасаллути толибҳо дар Афғонистон, 80 дарсади хонаводаҳо коҳиш даромадро таҷриба кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0