Ҳушдори ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи густариши фақр дар Афғонистон

© AFP 2023 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Обуна шудан
Пас аз мамнуъияти кори занони Афғонистон шаш Созмон ва хайрияи байналмилалӣ дар бораи густариши фақр дар ин кишвар ҳушдор доданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, бештари ҷамъият ҳудуди 40 миллионнафарии Афғонистон бо фақру гуруснагии шадид рӯ ба рӯ ҳастанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Созмони Милал чанде пеш эълом кард, наметавон чунин буҳронеро бидуни басиҷи комили ҷомеъаи байналмилалӣ маҳор кард.
Пас аз тасаллути толибҳо ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистон назди банкҳои Амрико, фақру гуруснагӣ ба гунаи бесобиқа дар Афғонистон фарогир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, шӯрои паноҳандагони Дания, созмонҳои муҳофизат аз кӯдакон, ҳайати паноҳндагони Норвегия ва " Ворлд вижн" ҳушдор доданд: “тасмими ахири ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар бораи манъи кори занон кумакҳои наҷотбахшро аз мардум дареғ мекунад”.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Муҷоҳид: ҳеч гурӯҳи террористӣ ба ғайр аз ДОИШ* дар Афғонистон фаъолият надорад
Ин созмонҳо аз мақомоти ҳукумати Афғонистони хостори лағви мамнуъияти кори занон дар муассисоти хайрия ва Созмон Милал шуданд.
Дафтари намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон низ ҳафтаи ҷорӣ эълом кард ба ҳукумати Афғонистон ёдоварӣ мекунад, ки ниҳодҳои СММ бидуни кормандони зан наметавонанд фаъолият кунанд ва ба кумакрасонии ҳаётии худ, ки сабаби наҷоти ҷони афрод мешавад идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0