Садамаи маргбор дар Масири Хуҷанд-Душанбе: қурбониёну захмиён ҳастанд

© PixabayАвтомобиль после ДТП, архивное фото
Автомобиль после ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Бино ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, садамаи маргбор ба далели сарозер шудани як мошин бо мусофирон ба дараи нишеб ба далоили номаълум рух додааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар масири Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳиси Варзоб садамаи мудҳише рух дод, ки дар пай қурбонӣ доштааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар хабар доданд.
Ҳодиса дар километри 65-уми шоҳроҳи рух дода, ду нафар дар пайи он ҳалок шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, мусофирони мошини сабукрави тамғаи Opel Zafira ҷароҳат бардоштаанд, ки онро марди 36-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меронд.
Машина скорой помощи у Тирасполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Садамаи маргбор дар Душанбе: "Дулан" хоҳаронро пахш кард
Ба иитилои манбаъ, мошин ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз баландии 600-метра сарозер мешавад.
"Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтаанд. Мутаассифона, ду нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - гуфтанд дар кумита.
Ҳоло тамоми сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, наҷотдиҳандагон ба ронандагон аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракатро хотиррасон карда, аз онон дархост мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат дар масирҳои куҳӣ суръатро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0