https://sputnik.tj/20230410/rusiya-khiyongaron-vatan-habsi-yakumra-mekunad-1056348493.html
Русия хиёнатгарон ба Ватанро, ҳабси якумра мекунад
Русия хиёнатгарон ба Ватанро, ҳабси якумра мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи Думаи давлатии Русия ҳукми ҳабси абад барои хиёнаткорон ба ватанро тасдиқ кард. Акнун ҳар шахсе, ки хиёнат мекунад умаршро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард
2023-04-10T15:27+0500
2023-04-10T15:27+0500
2023-04-10T15:30+0500
дар русия
украина
хиёнат
хиёнати давлатӣ
зиндон
маҳкум ба зиндон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_0:37:3153:1811_1920x0_80_0_0_ac6567eba271fa29b31b6017a428d7df.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кумитаи Думаи давлатии Русия тағйирот дар бораи ҳабси абад барои хиёнат ба давлатро тасдиқ кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.Ба иттилои манбаъ, Кумитаи конститутсионии Думаи давлатии Русия ахиран тавсия дод, ки ислоҳот дар бораи муҷозот то ҳабси абад барои хиёнат ба Ватан тасвиб шавад.Тавре раиси ин кумита Павел Крашенинников зимни нишаст мушаххас кард, ин тағйирот пешниҳод мешавад ва рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Думаи давлатӣ баррасӣ хоҳад шуд.Василий Пискарев, раиси Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи Давлатӣ гуфт, қаблан вакилон барои пурзур намудани ҷазо ба ҳабси абад барои хиёнат ба Ватан тағйирот ворид карданд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони Сервиси амнияти федеролии Русия (ФСБ) дар қаламрави Ставрополь як сокини маҳаллиро ба гумони кор дар хадамоти махсуси Украина боздошт карданд, ки ӯ бо дастур аз Киев дар бораи низомиҳои Русия маълумот ҷамъоварӣ мекард.ФСБ-и Русия баъд аз оғози амалиёти вижаи низомӣ даҳҳо нафарро бо гумони кор ба хадамоти истихборотии Украина боздошт кард.
https://sputnik.tj/20230406/vakil-duma-taloshho-kiev-tajovuz-qrim-posukhi-shadid-1056240729.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_422:0:3153:2048_1920x0_80_0_0_3bc804003382b71f034d6bd8de0d923a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дума, қонун, тағйир, иловаҳо, ҳабси абад, хинат ба ватан
русия, дума, қонун, тағйир, иловаҳо, ҳабси абад, хинат ба ватан
Русия хиёнатгарон ба Ватанро, ҳабси якумра мекунад
15:27 10.04.2023 (Навсозишуда: 15:30 10.04.2023) Кумитаи Думаи давлатии Русия ҳукми ҳабси абад барои хиёнаткорон ба ватанро тасдиқ кард. Акнун ҳар шахсе, ки хиёнат мекунад умаршро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кумитаи Думаи давлатии Русия тағйирот дар бораи ҳабси абад барои хиёнат ба давлатро тасдиқ кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи конститутсионии Думаи давлатии Русия ахиран тавсия дод, ки ислоҳот дар бораи муҷозот то ҳабси абад барои хиёнат ба Ватан тасвиб шавад.
Тавре раиси ин кумита Павел Крашенинников зимни нишаст мушаххас кард, ин тағйирот пешниҳод мешавад ва рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Думаи давлатӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Василий Пискарев, раиси Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи Давлатӣ гуфт, қаблан вакилон барои пурзур намудани ҷазо ба ҳабси абад барои хиёнат ба Ватан тағйирот ворид карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони Сервиси амнияти федеролии Русия (ФСБ) дар қаламрави Ставрополь як сокини маҳаллиро ба гумони кор дар хадамоти махсуси Украина боздошт карданд, ки ӯ бо дастур аз Киев дар бораи низомиҳои Русия маълумот ҷамъоварӣ мекард.
ФСБ-и Русия баъд аз оғози амалиёти вижаи низомӣ даҳҳо нафарро бо гумони кор ба хадамоти истихборотии Украина боздошт кард.