https://sputnik.tj/20230410/rohandozii-telefon-bovari-muhojironi-tojik-rusiya-1056350122.html
Роҳандозии телефони боварӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Роҳандозии телефони боварӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст
2023-04-10T15:58+0500
2023-04-10T15:58+0500
2023-04-10T15:58+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
телефони боварӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:22:1920:1102_1920x0_80_0_0_cfc8e46fb29982f0a179db387d29e9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Барои қабули дархосту шикоят, инчунин гирифтани кумаки ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия телефони боварӣ бар кор даромад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия.Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ метавоанад барои ҳалли мушкилоти худ ба телефони боварӣ занг зананд ва кормандони намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар онро дар муддати кӯтоҳтарин баррасиву ҳал хоҳанд кард.“Барои машварат ва роҳнамоӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи саривақтии он, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.Зикр гардидааст, ки телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият менамояд.Гуфта шудааст, ки телефони боварӣ ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия ва ғайра посух медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230125/taghyirot-qonunguzori-muhojirat-rusiya-navgoni-1054460871.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_426e2d7a23504f0f57f03be45b058a60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, телефон боварӣ, муҳоҷирони тоҷик, мушкилот, намояндагии вазорати меҳнат, мушкилот
тоҷикистон, муҳоҷират, телефон боварӣ, муҳоҷирони тоҷик, мушкилот, намояндагии вазорати меҳнат, мушкилот
Роҳандозии телефони боварӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Барои қабули дархосту шикоят, инчунин гирифтани кумаки ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия телефони боварӣ бар кор даромад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия.
Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ метавоанад барои ҳалли мушкилоти худ ба телефони боварӣ занг зананд ва кормандони намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар онро дар муддати кӯтоҳтарин баррасиву ҳал хоҳанд кард.
“Барои машварат ва роҳнамоӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи саривақтии он, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият менамояд.
Гуфта шудааст, ки телефони боварӣ ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия ва ғайра посух медиҳанд.