https://sputnik.tj/20230125/taghyirot-qonunguzori-muhojirat-rusiya-navgoni-1054460871.html
Тағйирот ба қонунгузории бахши муҳоҷират дар Русия: Чӣ навгониҳо ҷорӣ мешаванд?
Тағйирот ба қонунгузории бахши муҳоҷират дар Русия: Чӣ навгониҳо ҷорӣ мешаванд?
Sputnik Тоҷикистон
"Хадамоти шиноснома ва раводид"-и Вазорати корҳои дохилии ФР ба гирифтани изи ангушт ва қабули дархост барои сабти ном дар ҷои истиқомат ҷалб карда мешавад
2023-01-25T11:40+0500
2023-01-25T11:40+0500
2024-01-27T15:17+0500
дар русия
муҳоҷират
қонун
раводид
шиноснома
қабул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061218640_0:205:2911:1842_1920x0_80_0_0_60103382c29f5fcdc0b258098ab2a68e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки салоҳияти Вазорати корҳои дохилиро дар самти расонидани хадамоти давлатӣ ба муҳоҷирон васеъ мекунад.Аз ҷумла, "Хадамоти шиноснома ва раводид", корхонаи тобеи Вазорати корҳои дохилӣ ба қабули дархостҳо барои аз нав ба расмият даровардани патент, додани раводид, даъватнома ва иҷозатномаи будубоши муваққатӣ шурӯъ мекунад.Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки хадамоти ба гирифтани изи ангушт ва қабули дархостҳо барои сабти ном дар ҷои истиқомат ҷалб карда шавад.Тибқи ин санад, Вазорати корҳои дохилӣ феҳристи минтақаҳоеро тасдиқ мекунад, ки дар қаламрави онҳо корхонаи тобеи он барои расонидани чунин хадамоти давлатӣ ҷалб карда мешавад.Дар сурати қабул меъёрҳои ҷадид пас аз 180 рӯзи нашри расмияшон мавриди амал қарор мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран таъсиси намояндагии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуда буд. Таъкид шуд, ки ин намояндагӣ ба шаҳрвандони кишвар барои бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.Инчуинн ахиран дар Душанбе намояндагии Маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20230124/nazorat-videoii-muhojiron-rusiya-purzur-1054441370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061218640_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_3b7ea499673073ea66a186b53e2efee5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигарӣ, муҳоҷират, бахш, қонун, русия
навигарӣ, муҳоҷират, бахш, қонун, русия
Тағйирот ба қонунгузории бахши муҳоҷират дар Русия: Чӣ навгониҳо ҷорӣ мешаванд?
11:40 25.01.2023 (Навсозишуда: 15:17 27.01.2024) "Хадамоти шиноснома ва раводид"-и Вазорати корҳои дохилии ФР ба гирифтани изи ангушт ва қабули дархост барои сабти ном дар ҷои истиқомат ҷалб карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки салоҳияти Вазорати корҳои дохилиро дар самти расонидани хадамоти давлатӣ ба муҳоҷирон васеъ мекунад.
Аз ҷумла, "Хадамоти шиноснома ва раводид", корхонаи тобеи Вазорати корҳои дохилӣ ба қабули дархостҳо барои аз нав ба расмият даровардани патент, додани раводид, даъватнома ва иҷозатномаи будубоши муваққатӣ шурӯъ мекунад.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки хадамоти ба гирифтани изи ангушт ва қабули дархостҳо барои сабти ном дар ҷои истиқомат ҷалб карда шавад.
Тибқи ин санад, Вазорати корҳои дохилӣ феҳристи минтақаҳоеро тасдиқ мекунад, ки дар қаламрави онҳо корхонаи тобеи он барои расонидани чунин хадамоти давлатӣ ҷалб карда мешавад.
Дар сурати қабул меъёрҳои ҷадид пас аз 180 рӯзи нашри расмияшон мавриди амал қарор мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран таъсиси намояндагии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуда буд.
Таъкид шуд, ки ин намояндагӣ ба шаҳрвандони кишвар барои бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.
Инчуинн ахиран дар Душанбе намояндагии Маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав мусоидат мекунад.