Наҷотдиҳандагони тоҷик ҷасади як марди гумшударо дар рӯди Қаратоғ ёфтанд

© КЧС РТТело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
КҲФ чанд рӯз барои ҷустуҷӯи марде, ки барои чаронидани чорво ба кӯҳистон рафта, то мӯҳлати муқарраршуда ба хона барнагаштааст, амалиёт анҷом дод
ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон наҷотдиҳандагон ҷасади чӯпонеро, ки дар куҳистон нопадид шуда буд, пайдо карданд, гузориш медиҳад Кумитаҳи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, як сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода охири моҳи март барои чаронидани чорво ба кӯҳистон рафта, барнагаштааст.
Дар тамоми ин муддат ӯ дар рӯйхати гумшудагон қарор дошт. Кормандони шӯъба ва сокинони маҳаллӣ барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ сафарбар карда шуданд, вале ҷустуҷӯҳо муддати тӯлонӣ натиҷа надоданд.
Последствия Ливней в Джаббар Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Сел дар Суғд садҳо гектар киштзорро талаф дод: ба деҳқонон тухмии ройгон медиҳанд
Билохира, пас аз чанд рӯз ҷасади ин мардро аз дарёи Қаратоғ пайдо карда, ба наздиконаш супурданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, тахмин меравад, ки марҳумро аслан борони сел шуста бурдааст.
Сабаби марг риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ гуфта мешавад.
КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
"Қоидаҳои бехатариро риоя кунед ва огоҳиҳоро гӯш кунед", - хотиррасон мекунад КҲФ.
Ёдовар мешавем, ки Кумита борҳо дар бораи шароити номусоиди обу ҳаво дар кишвар бо боришоти шадид, омадани сел ва обхезӣ ёдовар шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0