Коҳиши рублу доллар ва болоравии евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад. Рубл уфти бештар дошта, доллар низ коҳиш ёфтааст, аммо евро каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қимати як ҳазор рубл дар Тоҷикистон 134 сомонӣ муқаррар шудааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод поинтарин дар моҳҳои ахир арзёбӣ мегардад.
Бар асоси нишондодҳои нашркардаи БМТ, уфти нисбатан чашмрас сар аз оғози ҳафтаи қаблӣ ба қайд гирифта шудааст, ки то кунун коҳиш шаш сомниро ташкил медиҳад.
Дар зимн қимати пулҳои хориҷии дигар, аз ҷумла доллари ИМА низ пас аз болоравии тадриҷӣ каме поин рафтааст.
Ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.9139 сомонӣ медиҳанд, ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл 10.9142 буд.
Аммо асъори аврупоӣ майли гаронӣ дошта, ҳоло ҳар евро 11.9027 сомонӣ нарх дорад.
Володин ҷаҳонро ба долларзудоӣ даъват кард
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9142 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.8877 то 12.2000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 135 то 138 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0