Дар кишварҳои ИДМ норасоии якбораи анборҳо мушоҳида шудааст

© Sputnik / Эдуард Молчанов / Гузариш ба медиабонкСкладское помещение на производстве
Складское помещение на производстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Дар робита ба воридоти мувозӣ аз Русия, талабот ба биноҳо барои нигоҳдории коло дар Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус ва дигар кишварҳо ду баробар афзудааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Афзоиши воридоти мувозӣ аз Русия боиси камбуди анборҳо дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид, менависад "Коммерсант" бо истинод ба агентии амволи ғайриманқули NF Group.
Ҳамин тариқ, талабот дар байни фурӯшандагон ва логистикҳои Русия ба фазои анборҳо дар ИДМ дучанд шудааст, аммо дарёфти иншооти мувофиқ дигар он қадар осон нест.
Ҳаҷми воридоти параллелӣ аз Федератсияи Русия дар он лаҳза аз 20 миллиард доллар гузашт.
Афзоиши минбаъдаи он метавонад ба нарасидани инфрасохтори нигоҳдорӣ дар кишварҳои транзитӣ оварда расонад.
Аз сабаби афзоиши талабот дар Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қариб ягон анбори озод боқӣ намондааст.
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Қазоқистон манъи содироти пиёзро лағв кард
Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки таваҷҷӯҳ ба бозорҳои ИДМ соли гузашта, замоне, ки бунёди занҷирҳои логистикӣ барои рушди воридоти мувозӣ дар Федератсияи Русия оғоз ёфт, ба таври назаррас афзоиш ёфт.
То оғози баҳори соли 2023 шумораи дархостҳои ширкатҳои Русия барои анборҳо тақрибан ба 400 ҳазор метри мураббаъ расид.
Коршиносон қайд мекунанд, ки яке аз роҳҳои раҳоӣ аз ин вазъият аз ҷониби ширкатҳои русӣ дар ИДМ бастани шартномаҳои сохташуда (фармоиши сохтани анборҳо барои эҳтиёҷоти онҳо) мебошад.
Бо вуҷуди ин, дар айни замон ҳатто минтақаҳое вуҷуд надоранд, ки барои таҳаввулоти нав омодаанд.
Лентаи хабарҳо
0