https://sputnik.tj/20221113/obanbor-nav-obi-oshomidani-sughd-1052792693.html
Обанбори нави оби ошомиданӣ дар Суғд ба истифода дода шуд
Обанбори нави оби ошомиданӣ дар Суғд ба истифода дода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Обанбори оби нӯшокӣ бо ғунҷоиши ҳудуди 1 ҳазор метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон истифода хоҳад шуд
2022-11-13T13:00+0500
2022-11-13T13:00+0500
2022-11-13T13:04+0500
дар тоҷикистон
об
обанбор
суғд
эмомалӣ раҳмон
бӯстон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/72/1022417296_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_65552aa9164cf9bb286fc4ea79910905.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари корияшро дар Суғд аз ифтитоҳи обанбори шаҳри Бӯстон оғоз кард. Ба иттилои дафтари матбуоти президент, обанбори мазкур бо ғунҷоиши 1 ҳазор метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон кор бурда мешавад. Зикр шудааст, ки дар доираи "Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон" қариби 19 млн доллари амрикоӣ истифода шудааст. Аз маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 885 ҳазор доллар ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардидааст, омадааст дар иттилоия. Иншооти оби нушокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд, таъкид кард дафтари матбуот. Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баҳои баланд додаст. Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегирад.То ҳол ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшкии тоза мусоидат намудааст.
https://sputnik.tj/20221113/emomali-rahmon-sughd-1052788696.html
суғд
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/72/1022417296_219:0:2948:2047_1920x0_80_0_0_4902ffddfd1de246d587004a1e85b487.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъмин, ҳазор, суғд, об, беҳбуд
таъмин, ҳазор, суғд, об, беҳбуд
Обанбори нави оби ошомиданӣ дар Суғд ба истифода дода шуд
13:00 13.11.2022 (Навсозишуда: 13:04 13.11.2022) Обанбори оби нӯшокӣ бо ғунҷоиши ҳудуди 1 ҳазор метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон истифода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари корияшро дар Суғд аз ифтитоҳи обанбори шаҳри Бӯстон оғоз кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, обанбори мазкур бо ғунҷоиши 1 ҳазор метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон кор бурда мешавад.
Зикр шудааст, ки дар доираи "Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон" қариби 19 млн доллари амрикоӣ истифода шудааст.
Аз маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 885 ҳазор доллар ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардидааст, омадааст дар иттилоия.
Иншооти оби нушокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд, таъкид кард дафтари матбуот.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баҳои баланд додаст.
Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегирад.
То ҳол ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшкии тоза мусоидат намудааст.