Имзои санади ҳамкорӣ бо ширкати арабӣ бо мақсоди бунёди корхонаҳои муштарак дар Хатлон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонИмзои санади ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва ширкати "Тревел Эйр"- Арабистони Саудӣ
Имзои санади ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва ширкати Тревел Эйр- Арабистони Саудӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Байни Палатаи савдо ва саноати вилоят дар Хатлони Тоҷикистон ва ширкати "Тревел Эйр"- Арабистони Саудӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ахиран бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилоят дар Хатлон ва ширкати "Тревел Эйр"- Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар бино мақомоти вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам Раҳим мулоқоти ширкатҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаи вилоят ва намояндагони ширкати "Каян"-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва содироти маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Давлаталӣ Саид, галава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ
Ёдовар мешавем. Ки чанде пеш Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон бо роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ ҷаноби Шайх Туркӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлонро дидору гуфтугӯ кард.
Зимни мулоқот ҷониби Арабистони Саудӣ мақсади ташриф овараданашонро ба вилоят гуфтанд.
“Мақсади ташрифи мо ба вилояти Хатлон аз ҳамин иборат буд, ки мо оиди ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ бештар маълумот пайдо намоем ва ҳамкориҳоро бозҳам ривоҷу равнақ бахшида ин ёдгорию мавзеъҳои таърихиро дар давлатҳои хеш ва ҷаҳон муаррифи намуда, ҷалби сайёҳонро ба ин минтақа бештар намоем”, - таъкид карданд намояндагони ширкат.
Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки ин ширкат метавонад робитаҳои тиҷоратиро дар самти маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷумла пиёз, пахта ва дигар маҳсулотҳо ба роҳ монад.
Лентаи хабарҳо
0