https://sputnik.tj/20230410/afzoishi-istehsoli-mahsuloti-kishovarzi-dar-viloyati-sughd-1056354285.html
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд хабар доданд, ки соли равон дар вилоят дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
2023-04-10T17:59+0500
2023-04-10T17:59+0500
2023-04-10T17:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
маҳсулот
кишоварзӣ
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071594_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_187e0575bf03c9adc904edc3c5b050f3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба ҳолати 1 марти соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 659 млн сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2%- зиёд мебошад. иттилоъ додааст дар ҷаласа корӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо.Вай илова кард, ки дар соли равон дар вилоят дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад ва то ба санаи 7 апрел дар майдони 73 ҳазору 796 гектар кишт гузаронида шудааст.Вай афзуд, ин нишондод 42,2%-и дурнаморо дарбар гирифта, нисбати соли гузашта кишт дар наздик ба 7 ҳазор гектар зиёдтар сурат гирифтааст.Ҳамзамон Зариф Мирдадо қайд кард, ки соли равон дар майдони 59 ҳазор гектар кишти пахта пешбинӣ гардидаааст.Дар ҳамин ҳол, дар ин ҷаласа раиси вилояти Суғд ба масъулин супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор раванди кишти пунбадона вусъат дода шуда, дурнамои кишт дар кутоҳтарин фурсат иҷро гардад.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки захираи дусолаи ғизоро дошта бошанд.Вай бо ҳушдор аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон таъкид мекунад, ки ҳар порчаи замин дар ҷумҳурӣ самаранок барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода гардад.
https://sputnik.tj/20230406/sel-sughd-kishtzor-talaf-dehqonon-tukhmi-roygon-1056256091.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071594_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c6af6cac70c4cc6b8476a352efab6ab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулот, кишоварзӣ, истеҳсол, афзоиш, суғд, аҳмадзода
тоҷикистон, маҳсулот, кишоварзӣ, истеҳсол, афзоиш, суғд, аҳмадзода
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд
Мақомоти вилояти Суғд хабар доданд, ки соли равон дар вилоят дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба ҳолати 1 марти соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 659 млн сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2%- зиёд мебошад. иттилоъ додааст дар ҷаласа корӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо.
Вай илова кард, ки дар соли равон дар вилоят дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад ва то ба санаи 7 апрел дар майдони 73 ҳазору 796 гектар кишт гузаронида шудааст.
Вай афзуд, ин нишондод 42,2%-и дурнаморо дарбар гирифта, нисбати соли гузашта кишт дар наздик ба 7 ҳазор гектар зиёдтар сурат гирифтааст.
Ҳамзамон Зариф Мирдадо қайд кард, ки соли равон дар майдони 59 ҳазор гектар кишти пахта пешбинӣ гардидаааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин ҷаласа раиси вилояти Суғд ба масъулин супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор раванди кишти пунбадона вусъат дода шуда, дурнамои кишт дар кутоҳтарин фурсат иҷро гардад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки захираи дусолаи ғизоро дошта бошанд.
Вай бо ҳушдор аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон таъкид мекунад, ки ҳар порчаи замин дар ҷумҳурӣ самаранок барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода гардад.