https://sputnik.tj/20230410/dushanbe-jasad-mard-solkhurda-paydo-1056346668.html
Дар Душанбе ҷасади марди солхӯрда пайдо шуд
Дар Душанбе ҷасади марди солхӯрда пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ давоми як рӯзи ахир аз рӯдҳои кишвар якбора ду ҷасадро пайдо ва ба наздикони онҳо супорид. Якумӣ чӯпоне, ки аз март ба ин сӯ берак буд ва дигарӣ марди 82-сола
2023-04-10T14:22+0500
2023-04-10T14:22+0500
2023-04-10T14:25+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷасад
пайдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/09/1031530988_0:0:801:450_1920x0_80_0_0_23d4933a3de3dfaed38ac3cf3c0f54b7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Дар ҳудуди Душанбе ҷасади як марди солхӯрда пайдо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Бар хабари манбаъ, шаби 9 апрел ба қисми навбатдории кумитаи занг зада, хабар доданд, ки дар даруни канали калони Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ҷасад ёфт шудааст.Зимнан, ин ниҳод гурӯҳи наҷотбахшонро ба ҷои ҳодиса равон намудаст.Маълум гардид, ки ин ҷасади марди 82-сола сокини ноҳияи Сино мебошад ва феълан иллати марги ӯ муайян нашудааст.КҲФ ҷузъиёти бештари ин ҳодисаи нохушро ифшо накардааст.Ёдовар мешавем, ки ниҳоди мазкур қаблан аз пайдо шудани ҷасади марди дигар хабар дод, ки ҳанӯз охири моҳи март бедарак шуда буд.Бар хабари манбаъ, марҳум сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода буда, охири моҳи март барои чаронидани чорво ба кӯҳистон рафт ва дигар барнагашт.КҲФ мегӯяд, ҷасади ӯ аз дарёи Қаратоғ пайдо ва ба наздиконаш супорида шуд.Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намуд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20230410/najotdihandagoni-tojik-jasad-sokin-rudkhonai-qaratogh-1056339517.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/09/1031530988_39:0:762:542_1920x0_80_0_0_90cf180b2df2cc49ed747c5f239b7f15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ҷасад мард ғарқ
Дар Душанбе ҷасади марди солхӯрда пайдо шуд
14:22 10.04.2023 (Навсозишуда: 14:25 10.04.2023) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода давоми як рӯзи ахир аз рӯдҳои кишвар якбора ду ҷасадро пайдо ва ба наздикони онҳо супорид
ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Дар ҳудуди Душанбе ҷасади як марди солхӯрда пайдо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, шаби 9 апрел ба қисми навбатдории кумитаи занг зада, хабар доданд, ки дар даруни канали калони Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ҷасад ёфт шудааст.
Зимнан, ин ниҳод гурӯҳи наҷотбахшонро ба ҷои ҳодиса равон намудаст.
Маълум гардид, ки ин ҷасади марди 82-сола сокини ноҳияи Сино мебошад ва феълан иллати марги ӯ муайян нашудааст.
КҲФ ҷузъиёти бештари ин ҳодисаи нохушро ифшо накардааст.
Ёдовар мешавем, ки ниҳоди мазкур қаблан аз пайдо шудани ҷасади марди дигар хабар дод, ки ҳанӯз охири моҳи март бедарак шуда буд.
Бар хабари манбаъ, марҳум сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода буда, охири моҳи март барои чаронидани чорво ба кӯҳистон рафт ва дигар барнагашт.
КҲФ мегӯяд, ҷасади ӯ аз дарёи Қаратоғ пайдо ва ба наздиконаш супорида шуд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намуд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.