Бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" ба даври ниманиҳоии Лигаи қитъавии ҷудо роҳ ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Обуна шудан
Паҳлавонони тоҷик рақибони рус ва белорус аз дастаҳои "Самбо 70" ва "Стайки"-ро шикаст дода, аз "Женисий"-и Қазоқистон ва "Жемчужина"-и Русия шикаст хӯрданд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дастаи Бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф"-и Тоҷикистон дар марҳилаи аввали Лигаи қитъавии ҷудо бомуваффақият баромад кард.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа ба варзишгарон муяссар гардид, ки дар гуруҳ ҷои сеюмро ишғол намуда, ба чорякфинал бароянд.
Паҳлавонони "Ҳоҷӣ Шариф" дар марҳилаи аввали мусобиқот бар рақибони русиву белорус аз дастаҳои "Самбо 70" ва "Стайки" пирӯз шуда, аз "Женисий"-и Қазоқистон ва "Жемчужина"-и Русия бо ҳисоби ҳадди ақал шикаст хӯрданд.
Даври ниманиҳоии Лигаи қитъавӣ 6-уми май ва набардҳои ниҳоӣ 8-уми июл баргузор мешавад.
Се ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқаи Алмаато  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Се ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқаи Алмаато соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Маврид ба зикр аст, ки фонди ҷоиза 6 миллион рублро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки наврасони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи Ҷоми кушодаи Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавоно бошад, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, Лоиқ Қутбудинов дар вазни то 55 кг ғолиб шуд. Дар вазни то 66 кг Ворис Назаров ва дар вазни то 73 кг Аминҷон Абдуҷалилзода медал ба даст оварданд.
Дар маҷмӯъ мунтахаби Тоҷикистонро 7 наврасон ва 6 варзишгари наврасон намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0