Олланд ва Меркел 8 сол Русияро фиреб доданд, то Украина ба ҷанг омода шавад

© Sputnik / Совет Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Обуна шудан
Бо истифода аз фурсат раҳбарони қабли Фаронсаву Олмон Ӯкраинаро барои ҳамалоти мусаллаҳ ба Донбасс ва Қрим омода карданду пур аз силоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Франсуа Олланд, раисиҷумҳури пешини Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон, дар тӯли ҳашт сол дар бораи пойбандӣ ба тавофуқоти Минск, Русияро "фиреб" карданд.
Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия дар суҳбат бо Павел Зарубин изҳор дошт.
Ба таъкиди номбурда Русия борҳо бо дурӯғи оддӣ рӯбарӯ шуд - онҳо як чизро мегӯянд, дигар мекунанд, саввумиро дар назар доранд.
"Ҳам Меркел ва ҳам Олланд таве худашон иқрор карданд, тӯли ин ҳашт сол моро фиреб доданд, ба ҷои он ки Украинаро ба сулҳ маҷбур кунанд, то бо мардуми худ сари мизи музокирот нишинад, онҳо аз ин вақт истифода карда, Украинаро бо силоҳ пур намуда, онро барои ҳамала ба Донбасс, Қрим омода кунанд",- гуфт ӯ дар сущбат бо журналист Павел Зарубин барои барномаи "Москва. Кремль. Путин".
Вай қайд кард, ки маҳз ба ҳамин далел амалиёти вижа дар Украина "ногузир буд" ва агар тасмими дахлдор гирифта намешуд, "оқибатҳо барои мо фалокатбор мебуд".
Гузашта аз ин, мақомоти Русия, ба гуфтаи Матвиенко, воқеан бовар доштанд, ки раҳбарони кишварҳои формати Нормандия "сиёсатмадорони ҷиддӣ" ҳастанд. Бо вуыуди ин, Маскав "шубща мекард", ки мухолифон сулҳро намехоҳанд.
Канцлер Германии Ангела Меркель  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Меркел: низоъ дар Украина бо гуфтушунид анҷом меёбад
"Онҳо, баръакс, аз Киев даъват карданд, ки ба тасарруфи мусаллаҳонаи қаламравҳо омода шавад ва барои таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ ҳама корро анҷом дод", - афзуд раиси Шӯрои Федератсия.
Ёдовар мешавем, ки "пранкерон"-и рус Владимир Кузнетсов (Вован) ва Алексей Столяров (Лексус) суҳбатҳоро бо Ангела Меркел ва Франсуа Олланд нашр кардаанд. Дар он онҳо худро Пётр Порошенко-раҳбари пешини Украина муъаррифӣ карда, ҳамсущбатонро водор карданд, ки ба моҳияти сохтаи созишномаҳои Минск иқрор шаванд.
Раҳбари дафтари матбуъотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, пас аз изҳороти Олланд, ин тавофуқномаҳоро як бозӣ бо ангушт унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0