https://sputnik.tj/20221228/merkel-nizo-ukraina-guftushunid-1053854729.html
Меркел: низоъ дар Украина бо гуфтушунид анҷом меёбад
Меркел: низоъ дар Украина бо гуфтушунид анҷом меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Садри аъзами пешини Олмон таъкид намуд, ки миёни сулҳи маҷбурӣ ва музокироти ошкоро фарқи калон дорад, ки аввалиро чандон мақбул намедонад
2022-12-28T12:45+0500
2022-12-28T12:45+0500
2022-12-28T12:50+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
ангела меркел
украина
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032419209_0:276:3097:2018_1920x0_80_0_0_f12689a4884e6e150cb53f8c77c2e4bb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Ҳар низоъ, аз ҷумла низоъ дар Украина низ сари мизи музокирот поён меёбад, изҳор дошт садри аъзами пешини Олмон, Ангела Меркел дар суҳбат бо ҳафтаномаи итолиёвии Sette. Меркел дар зимн таъкид намуд, ки тасаввури рӯшане надорад, ки низоъ дар Украина чӣ гуна поён хоҳад ёфт. Вай ҳамчунин иштирокашро дар раванди муътадилсозии авзоъ дар Украина истисно карда, афзуд ки ин масъала дар миён нест. Меркел тавзеҳ дод, ки байни "сулҳи маҷбурӣ", ки вай ҷонибдораш нест ва "суҳбати ошкоро" фарқият вуҷуд дорад.Вай ҳамчунин сиёсаташро замони фаъолият дар мақоми садри аъзами Олмон дар мавриди Украина ва Русия оқилона медонад, ки ҳадафро ҷилавгирӣ аз низоъ арзрёбӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ омодагии Маскавро барои музокирот дар мавриди авзои Украина баён дошт. Ӯ гуфт, Русия омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад. Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани ФР мебошад.
https://sputnik.tj/20221226/erdughon-gharb-sulh-ukraina-1053792981.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032419209_125:0:2856:2048_1920x0_80_0_0_7dd8fc81c16f99e57c82956597ec0b62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ангела меркел, низоъ, украина, оқибат
ангела меркел, низоъ, украина, оқибат
Меркел: низоъ дар Украина бо гуфтушунид анҷом меёбад
12:45 28.12.2022 (Навсозишуда: 12:50 28.12.2022) Садри аъзами пешини Олмон таъкид намуд, ки миёни сулҳи маҷбурӣ ва музокироти ошкоро фарқи калон дорад, ки аввалиро чандон мақбул намедонад
ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Ҳар низоъ, аз ҷумла низоъ дар Украина низ сари мизи музокирот поён меёбад, изҳор дошт садри аъзами пешини Олмон, Ангела Меркел дар суҳбат бо ҳафтаномаи итолиёвии Sette.
Меркел дар зимн таъкид намуд, ки тасаввури рӯшане надорад, ки низоъ дар Украина чӣ гуна поён хоҳад ёфт. Вай ҳамчунин иштирокашро дар раванди муътадилсозии авзоъ дар Украина истисно карда, афзуд ки ин масъала дар миён нест.
"Рӯзе он богуфтушунид анҷом меёбад. Низоъ дар сари мизи гуфтушунид ба охир мерасанд", - изҳор дошт ӯ.
Меркел тавзеҳ дод, ки байни "сулҳи маҷбурӣ", ки вай ҷонибдораш нест ва "суҳбати ошкоро" фарқият вуҷуд дорад.
Вай ҳамчунин сиёсаташро замони фаъолият дар мақоми садри аъзами Олмон дар мавриди Украина ва Русия оқилона медонад, ки ҳадафро ҷилавгирӣ аз низоъ арзрёбӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ омодагии Маскавро барои музокирот дар мавриди авзои Украина баён дошт. Ӯ гуфт, Русия омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад.
Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.
Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани ФР мебошад.