https://sputnik.tj/20221228/pisar-ibodullo-mashrab-mudir-teatr-lokhuti-tayin-1053859752.html
Писари Ибодулло Машраб мудири Театри давлатии академии Лохутӣ таъйин шуд
Писари Ибодулло Машраб мудири Театри давлатии академии Лохутӣ таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мудири нави Театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ Абдукарим Машрабов таъйин гардида, дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард
2022-12-28T15:45+0500
2022-12-28T15:45+0500
2022-12-28T15:45+0500
дар тоҷикистон
театри ба номи лоҳутӣ
мудир
таъйин
ибодулло машрабов
директор
вазифа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833471_0:138:3001:1826_1920x0_80_0_0_1e97896aa2e84ee5420cdcf97705a77e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи фармони Вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдукарим Машрабов писари Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мудири нави театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ таъйин гардид.Қайд карда шудааст, ки Абдукарим Машрабов дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард.Бояд қайд кард, ки Лутфулло Давлатзода то таъйин шудан ба вазифаи директори театр 6 сол ба ҳайси директори телевизиони “Сафина” кор кардааст. Аз соли 2015 инҷониб директори Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ буд.Иттилоъ дода шудааст, ки Абдукарим Машраб соли 1983 таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм ва дар Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ кор кардааст.Ӯ ҳунарпешаи маъруфи театр ва киност. Падараш- Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва “Ситораҳои Иттиҳод” мебошад.Ёдовар мешавем, ки бо фармони Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мавҷуда Саидова сардабири нави маҷаллаи занон “Фирӯза” таъйин шуд.Қаблан бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ба Кохи фарҳанг ва Маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи собиқ роҳбари бадеии театр ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода, ки 17 феврали соли 2022 даргузашт, гузошта шуд.
https://sputnik.tj/20221227/bokhtar-kokh-farhangro-alovuddin-abdulloev-1053840752.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833471_190:0:2809:1964_1920x0_80_0_0_45bb64c2cc3f7055473db0af243e8bc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, театри лоҳутӣ, ибодулло машраб, театр, мудир, таъйин, лутфулло давлатзода, абдукарим машрабов
тоҷикистон, театри лоҳутӣ, ибодулло машраб, театр, мудир, таъйин, лутфулло давлатзода, абдукарим машрабов
Писари Ибодулло Машраб мудири Театри давлатии академии Лохутӣ таъйин шуд
Мудири нави Театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ Абдукарим Машрабов таъйин гардида, дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи фармони Вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдукарим Машрабов писари Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мудири нави театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ таъйин гардид.
Қайд карда шудааст, ки Абдукарим Машрабов дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард.
Бояд қайд кард, ки Лутфулло Давлатзода то таъйин шудан ба вазифаи директори театр 6 сол ба ҳайси директори телевизиони “Сафина” кор кардааст. Аз соли 2015 инҷониб директори Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ буд.
Иттилоъ дода шудааст, ки Абдукарим Машраб соли 1983 таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм ва дар Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ кор кардааст.
Ӯ ҳунарпешаи маъруфи театр ва киност. Падараш- Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва “Ситораҳои Иттиҳод” мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мавҷуда Саидова сардабири нави маҷаллаи занон “Фирӯза” таъйин шуд.
Қаблан бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ба Кохи фарҳанг ва Маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи собиқ роҳбари бадеии театр ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода, ки 17 феврали соли 2022 даргузашт, гузошта шуд.