Дар Тоҷикистон якбора ду заминларза рух дод

© Sputnik / Игорь Носов / Гузариш ба медиабонкСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбиҳои пай дар пай бо фосилаи ду соат ва шиддатнокии якхела сабт гардидааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон субҳи 7 апрел заминларза сабт шудааст, хабар медищад, Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, аввалин ҳодиса соати 02:48 ба вақти маҳаллӣ, дар умқи 170 километр рух дод.
Баъдтар заминларза боз соати 04:42 сабт гардидааст, ки гуфта мешавад, шиддати ҳарду 3,9 балл будааст.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
Таъкид шудааст, ки ҳарду ҳолат ҳам дар ҳудуди ВМКБ рух додааст. Илова бар ин, ларзишҳо дар кишвари ҳамсоя низ сабт шудаанд. Ҳамин тавр, сокинони Қирғизистон зилзиларо соати 07:56 субҳ эҳсос карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафот ва харобиҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ иттилоъ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларзаҳои харобиовар ба вуқӯъ пайваст. Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст.
Дар пайи ин зилзилаҳо беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.
Лентаи хабарҳо
0