https://sputnik.tj/20230407/shimoli-tojikiston-hujumi-malakh-muboriza-1056284449.html
Дар шимоли Тоҷикистон алайҳи ҳуҷуми малах мубориза мебаранд
Дар шимоли Тоҷикистон алайҳи ҳуҷуми малах мубориза мебаранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд беш аз 40 гектар бар зидди малах бо маводи кимиёвӣ кор карда шуд, ки ҳамлаи онҳо аллакай дар чарогоҳҳои яке аз шаҳрҳо сабт шудааст
2023-04-07T14:55+0500
2023-04-07T14:55+0500
2023-04-07T14:55+0500
дар тоҷикистон
ҳуҷуми малах
мубориза
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/58/1018735821_0:78:3221:1890_1920x0_80_0_0_eff6ddb6e9ffd5407de50e8bcfe34fb5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Конибодом алайҳи ҳамлаи қаблан сабтшудаи малах чораҳо андешида мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ситоди вилоятӣ оид ба мубориза ба муқобили малах ва ҳашароти зараррасони зироат, боғу токзор аллакай ба зиёда аз 40 гектар дорухои кимиёвӣ пошида шудааст.Ҳамин тариқ, ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҷаласаи ситод оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасон дар минтақа баргузор гардид. Дар он вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, инчунин роҳбарони "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" ва "Ҳифзи растанӣ ва кимиёикунонии кишоварзӣ", муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми коркард аз дастгоҳҳои дорупошии замонавӣ истифода хоҳанд шуд. Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки малах паҳн шудааст, нақшаи безараргардонӣ беш аз 35,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин тадбирҳо оид ба муборизаи минбаъдаи зидди малах, бемориҳо ва ҳашароти зараррасон мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаи сари вақт шинондани зироатҳо ва дигар мавзӯъҳои агросаноатӣ низ дахл карда шудааст.
https://sputnik.tj/20230404/dastur-rahmon-tezonidan-kisht-bahori-mahsulot-1056144805.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/58/1018735821_300:0:2921:1966_1920x0_80_0_0_15539cd93f0fb130c46b1a80e5a08ba0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шимол тоҷикистон ҳуҷум малах мубориза
шимол тоҷикистон ҳуҷум малах мубориза
Дар шимоли Тоҷикистон алайҳи ҳуҷуми малах мубориза мебаранд
Дар вилояти Суғд беш аз 40 гектар бар зидди малах бо маводи кимиёвӣ кор карда шуд, ки ҳамлаи онҳо аллакай дар чарогоҳҳои яке аз шаҳрҳо сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Конибодом алайҳи ҳамлаи қаблан сабтшудаи малах чораҳо андешида мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ситоди вилоятӣ оид ба мубориза ба муқобили малах ва ҳашароти зараррасони зироат, боғу токзор аллакай ба зиёда аз 40 гектар дорухои кимиёвӣ пошида шудааст.
Ҳамин тариқ, ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҷаласаи ситод оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасон дар минтақа баргузор гардид.
Дар он вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, инчунин роҳбарони "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" ва "Ҳифзи растанӣ ва кимиёикунонии кишоварзӣ", муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми коркард аз дастгоҳҳои дорупошии замонавӣ истифода хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки малах паҳн шудааст, нақшаи безараргардонӣ беш аз 35,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин тадбирҳо оид ба муборизаи минбаъдаи зидди малах, бемориҳо ва ҳашароти зараррасон мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаи сари вақт шинондани зироатҳо ва дигар мавзӯъҳои агросаноатӣ низ дахл карда шудааст.