Ҳисоботи раисон ва супоришҳои Раҳмон барои тезонидани кишти баҳории маҳсулот

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Сарвари давлат якбора бо раисони шаш ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз рафти киштукори баҳорӣ дар ин манотиқ огаҳ шудааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки кишти баҳории зироату маҳсулот суръат бахшида шавад, гузориш медиҳад, дафтари матбуоти президент.
Ӯ дар ин хусус бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Гуфта мешавад, ки зимни ин тамос, руасои навоҳии мазкур дар бораи вазъияти кишти зироатҳои баҳорӣ дар мавсими имсола гузориш додаанд.
Зерна риса у полей ГУП Кубанские продукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Қарори ҳукумати Тоҷикистон барои захираи ғизо ба зимистон
Пас аз ин раисиҷумҳур ба раҳбарони ноҳияиҳои тобеи марказ дастур дод, ки маъракаи киштукорро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.
Вай аз ҷумла супориш додааст, ки дар ин ноҳияҳо ба васеъ кардани майдонҳои асосӣ ва кишти зироатҳои асосии хоҷагииқишлоқ диққати асосӣ дода шавад.
Ӯ инчунин таваҷҷуҳро ба зарурати баланд бардоштани ҳосили картошка бо назардошти риояи тамоми қоидаҳои агротехники ҷалб намудааст.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки соли 2022 дар кишвар дар майдони зиёда аз 32 ҳазор кишти картошка сурат гирифт, ки кам аст. Дар назар аст, соли ҷорӣ он бештар карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0