Садамаи маргбор дар Душанбе: "Дулан" хоҳаронро пахш кард

© пресс-центр МВД ПМРМашина скорой помощи у Тирасполе
Машина скорой помощи у Тирасполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Обуна шудан
Сонеҳаи нақлиётие, ки дар пойтахти Тоҷикистон бинобар қоидавайронкунии ронандаи мошини боркаш рухдода, оилаеро ба мотам кашонд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Душанбе як ҳодисаи мудҳиши нақлиётӣ сар задааст, ки дар пайи он ду духтари ноболиғ ҳалок шудаанд.
Ба гузориши дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон, садама 9-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа аз самти маҳаллаи Зафар ба самти кӯчаи И.Сомонии пойтахт рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулан", Яқубов Хуршеди 28-сола, сокини шаҳри Турсунзода, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, сабабгори ҳодиса шудааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Дар Хатлон дар як моҳ дар садамаҳои нақлиётӣ 21 нафар кушта шудааст
Ӯ ба болои хати пиёдагардони танзимшаванда ҳаракат карда, пиёдагардони ноболиғ Назароваҳо Ҳусноро ва Фаризаро пахш кардааст.
Гуфта мешавад, духтарон 15 ва 18 сол дошта, пас аз садама ронанда онҳоро ба шифохона мебарад, аммо бинобар ҷароҳатҳои зиёд пас аз 5-соат Назарова Ҳусноро мефавтад.
ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин рӯзи 8-уми марти ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ 21015", Аминов Зокирҷони 31-сола, сокини ноҳияи Деваштич, дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанок", Ҷуманазаров Ҳасани 53-соларо, ки ки дар шафати рости роҳ дар ҳолати хоб қарор дошт, пахш кардааст.
Дар натиҷа, мавсуф ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Лентаи хабарҳо
0