https://sputnik.tj/20230326/putin-rusiya-bo-chin-ittihodi-nizomi-namesozad---video-1055765291.html
Путин: Русия бо Чин иттиҳоди низомӣ намесозад - видео
Путин: Русия бо Чин иттиҳоди низомӣ намесозад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки дар ҳамкориҳои Маскаву Пекин ҳеҷ чизи махфӣ нест,дар муқоиса ба амалҳои ИМА дар минтақа ин як иттиҳоди низомӣ нест
2023-03-26T19:03+0500
2023-03-26T19:03+0500
2023-03-26T19:03+0500
видео
владимир путин
чин
русия
ҳамкорӣ
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1a/1055765766_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_5a8af79ed7aae92df3f0883b95e7604f.jpg
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Маскав ва Пекин иттиҳоди низомӣ эҷод намекунад ва ба ҳеҷ кишваре таҳдид надоранд.Раҳбари Русия таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишварба хотири иттиҳоди низомӣ нест.Владимир Путин дар шабакаи телевизионии "Россия-24" дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Павел Зарубин гуфт ҳамкориҳои Маскав ва Пекин ба Ғарб таҳдид мекунад ва таъкид кард, ки хабарҳо дар ин бора “комилан дурӯғ аст".Путин гуфт, ҳарчанд ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ҳамкорӣ доранд нияти ташкили иттиҳоди низомӣ нест.Владмир Путин илова кард, ки дар ҳамкории Маскаву Пекин ҳама чиз шаффоф аст ва ҳеҷ чизи махфӣ вуҷуд надорад.Русия дар Белорус силоҳи ҳастаии тактикӣ ҷойгир мекунадВай зикр кард, ки Русия на танхо бо Чин балки бо як катор кишварҳои дигар низ чунин хамкорӣ дорад."Мо на танҳо бо Чин не, балки бо дигар кишварҳо, ҳатто сарфи назар аз ҳаводиси Донбасс, Запорожье ва Херсон ҳамкориҳоро идома медиҳем", - гуфт Путин.Дар баробари ин, ба гуфтаи вай, кишварҳои Ғарб ба бунёди як меҳвари наве, ки дар солҳои 30-юми асри гузашта аз ҷониби Олмони фашистӣ ва Италия ва Ҷопон сохта шуда буданд, оғоз карданд.Дар ин замина Владимир Путин ёдовар шуд, ки Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи консепсияи нави стратегӣ ба мувофиқа расидаанд.Ҷанги ҷаҳонӣ “Маскав-23”-и худро пайдо кард"Дар онҷо мустақиман навишта шудааст, ки НАТО равобит бо кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро инкишоф медиҳад. Ва ин кишварҳо номбар шудаанд: Зеландияи Нав, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд. Онҳо эълон карданд, ки мехоҳанд НАТО глобалӣ ташкил намоянд. Ин чист? — гуфт кишвардори Русия.Си Ҷинпин рӯзи душанбеи 20 март вориди пойтахти Русия шуд. Худи ҳамон рӯз дар Кремл музокироти ғайрирасми роҳбарони ду давлат сурат гирифт.
чин
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1a/1055765766_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9d5ca8e919b102a1686f83ecac8e65d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия,чин, видео, владимир путин, ҳамкорӣ, равобит, иттиҳоди низомӣ
русия,чин, видео, владимир путин, ҳамкорӣ, равобит, иттиҳоди низомӣ
Путин: Русия бо Чин иттиҳоди низомӣ намесозад - видео
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки дар ҳамкориҳои Маскаву Пекин ҳеҷ чизи махфӣ нест,дар муқоиса ба амалҳои ИМА дар минтақа ин як иттиҳоди низомӣ нест
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Маскав ва Пекин иттиҳоди низомӣ эҷод намекунад ва ба ҳеҷ кишваре таҳдид надоранд.
Раҳбари Русия таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишварба хотири иттиҳоди низомӣ нест.
Владимир Путин дар шабакаи телевизионии "Россия-24" дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Павел Зарубин гуфт ҳамкориҳои Маскав ва Пекин ба Ғарб таҳдид мекунад ва таъкид кард, ки хабарҳо дар ин бора “комилан дурӯғ аст".
Путин гуфт, ҳарчанд ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ҳамкорӣ доранд нияти ташкили иттиҳоди низомӣ нест.
Владмир Путин илова кард, ки дар ҳамкории Маскаву Пекин ҳама чиз шаффоф аст ва ҳеҷ чизи махфӣ вуҷуд надорад.
Вай зикр кард, ки Русия на танхо бо Чин балки бо як катор кишварҳои дигар низ чунин хамкорӣ дорад.
"Мо на танҳо бо Чин не, балки бо дигар кишварҳо, ҳатто сарфи назар аз ҳаводиси Донбасс, Запорожье ва Херсон ҳамкориҳоро идома медиҳем", - гуфт Путин.
Дар баробари ин, ба гуфтаи вай, кишварҳои Ғарб ба бунёди як меҳвари наве, ки дар солҳои 30-юми асри гузашта аз ҷониби Олмони фашистӣ ва Италия ва Ҷопон сохта шуда буданд, оғоз карданд.
Дар ин замина Владимир Путин ёдовар шуд, ки Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи консепсияи нави стратегӣ ба мувофиқа расидаанд.
"Дар онҷо мустақиман навишта шудааст, ки НАТО равобит бо кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро инкишоф медиҳад. Ва ин кишварҳо номбар шудаанд: Зеландияи Нав, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд. Онҳо эълон карданд, ки мехоҳанд НАТО глобалӣ ташкил намоянд. Ин чист? — гуфт кишвардори Русия.
Си Ҷинпин рӯзи душанбеи 20 март вориди пойтахти Русия шуд. Худи ҳамон рӯз дар Кремл музокироти ғайрирасми роҳбарони ду давлат сурат гирифт.