Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистону Туркманистон” дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе дар пойтахти кишвар ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистону Туркманистон” ва Бизнес-форум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки санаи 8-уми апрели соли 2023, дар “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистону Туркманистон”, баргузор мегардад.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки рӯзи 9-уми апрели соли равон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулотҳои содиротии ду давлат дар назар аст.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз Бизнес-форум ва дар давоми бизнес-форуми мазкур вохуриҳои дуҷонибаи В2В миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва ширкатҳои Туркманистон дар “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, низ баргузор хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар Форуми мазкур беш аз 67 ширкатҳои калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои омехта, истеҳсоли маҳсулоти қанноди, истеҳсоли асбобхои рузгор, истеҳсоли қаҳва, туризм, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, текстил, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ, ва ғайра иштирок менамоянд.
 Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Модари Қурбоқулӣ Бердимуҳамедов даргузашт: Раҳмон ҳамдардӣ баён кард
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, ки писари Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов мебошад, рӯзи 10 апрел бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.
Сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад.
Дар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0