https://sputnik.tj/20230407/modar-berdimuhamedov-darguzasht-rahmon-hamdardi-1056300376.html
Модари Қурбоқулӣ Бердимуҳамедов даргузашт: Раҳмон ҳамдардӣ баён кард
Модари Қурбоқулӣ Бердимуҳамедов даргузашт: Раҳмон ҳамдардӣ баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба даргузашти модари раисҷумҳури пешини Туркманистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст
2023-04-07T20:35+0500
2023-04-07T20:35+0500
2023-04-07T20:35+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
барқия
таслият
изҳори таслият
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
модар
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/24/1030892483_0:192:2649:1682_1920x0_80_0_0_05458313d463f6bcaa1ad8d34c8f08dd.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кард.Раисҷумур дар барқияи худ хостори матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил шудааст.“Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”, - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, ки писари Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов мебошад, рӯзи 10 апрел бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.Сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад.Дар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20230308/sardor-berdimuhammadov-tojikiston-meoyad-1055385034.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/24/1030892483_76:0:2573:1873_1920x0_80_0_0_3a55cd571d7c1d782fa4d353d20fca3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даргузашт, модар, гурбангулӣ бердимуҳамедов, туркманистон, барқия, изҳори тассалӣ
тоҷикистон, даргузашт, модар, гурбангулӣ бердимуҳамедов, туркманистон, барқия, изҳори тассалӣ
Модари Қурбоқулӣ Бердимуҳамедов даргузашт: Раҳмон ҳамдардӣ баён кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба даргузашти модари раисҷумҳури пешини Туркманистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кард.
Раисҷумур дар барқияи худ хостори матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил шудааст.
“Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”, - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, ки писари Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов мебошад, рӯзи 10 апрел бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.
Сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад.
Дар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.