https://sputnik.tj/20230406/shahrvandii-rusiya-baroi-kudakon-osontar-meshavad-1056234479.html
Додани шаҳрвандии Русия барои кудакон осонтар мешавад
Додани шаҳрвандии Русия барои кудакон осонтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи ислоҳи нав ба моддаҳои қонуни Федератсияи Русия, ризоияти волидайни хориҷӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба фарзанд дигар лозим нест
2023-04-06T09:42+0500
2023-04-06T09:42+0500
2023-04-06T09:47+0500
русия
шаҳрвандӣ
иҷтимоъ
думаи давлатӣ
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102320/25/1023202514_0:32:3067:1757_1920x0_80_0_0_e6932c4a49bd84650e20a3a93df6ba39.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Барои гирифтани шаҳрвандии Русия дигар розигии волидайни хориҷӣ лозим намеояд. Ин аз ислоҳи нав ба қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ" бармеояд, ки онро Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ тасвиб кардааст. Ҳуҷҷат дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир карда шудааст. Тибқи он ҳоло пешниҳод мешавад, ки талаботи ризоияти волидайни дуюм – шаҳрванди хориҷӣ, ҳангоми қабули кӯдак ба шаҳрвандии Федератсияи Русия аз байн бурда шавад. Илова бар ин, дар тарҳи қонун коҳиши шумори талабот ба беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст. Инчунин тавсеаи ваколатҳои Президенти Федератсияи Русия оид ба муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шиносномаи Русияро доранд, пешбинӣ мешавад. Лоиҳаи қонун, ки дар хониши аввал 5 апрели соли 2022 қабул шуд, маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, аз ҷумла барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро пешбинӣ мекард. Аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин бар зидди давлат, инчунин ҷиноятҳо дар соҳаи гардиши воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ё бо хоҳиши ихтиёрии шаҳрванд.
https://sputnik.tj/20230405/rusiya-khatari-amniyati-shahrvandi-muhojiron-laghv-1056202690.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102320/25/1023202514_336:0:3067:2048_1920x0_80_0_0_d47d02bd461a5613cae56eaea3126dec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандӣ русия кудакон осон
шаҳрвандӣ русия кудакон осон
Додани шаҳрвандии Русия барои кудакон осонтар мешавад
09:42 06.04.2023 (Навсозишуда: 09:47 06.04.2023) Тибқи ислоҳи нав ба моддаҳои қонуни Федератсияи Русия, ризоияти волидайни хориҷӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба фарзанд дигар лозим нест
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Барои гирифтани шаҳрвандии Русия дигар розигии волидайни хориҷӣ лозим намеояд.
Ин аз ислоҳи нав ба қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ" бармеояд, ки онро Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ тасвиб кардааст. Ҳуҷҷат дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир карда шудааст.
Тибқи он ҳоло пешниҳод мешавад, ки талаботи ризоияти волидайни дуюм – шаҳрванди хориҷӣ, ҳангоми қабули кӯдак ба шаҳрвандии Федератсияи Русия аз байн бурда шавад.
"Дар банди 1 қисми 4 моддаи 16, талаби пешниҳоди ризоияти волидайни дуюм - шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми қабули кудаке, ки дар издивоҷи омехта ба шаҳрвандии Федератсияи Русия таваллуд шудааст, пешбинӣ шудааст", — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Илова бар ин, дар тарҳи қонун коҳиши шумори талабот ба беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст.
Инчунин тавсеаи ваколатҳои Президенти Федератсияи Русия оид ба муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шиносномаи Русияро доранд, пешбинӣ мешавад.
Лоиҳаи қонун, ки дар хониши аввал 5 апрели соли 2022 қабул шуд, маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, аз ҷумла барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро пешбинӣ мекард.
Аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин бар зидди давлат, инчунин ҷиноятҳо дар соҳаи гардиши воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ё бо хоҳиши ихтиёрии шаҳрванд.