Русия дар сурати хатари амнияти миллӣ метавонад шаҳрвандии муҳоҷиронро лағв кунад

© Sputnik / Максим БлиновСотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ.
Сотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Русия тағйиру иловаҳо дар бораи лағви шаҳрвандии додашуда ба атбои хориҷӣ дар сурати хатар ба амнияти миллиро дастгирӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ", ки тибқи он дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ шаҳрвандии додашуда метавонад лағв шавад, дастгирӣ кард, гуфт сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова.
"Ин тағйирот воқеан пешниҳод шуда буд... мо онро ҷонибдорӣ кардем ва бо маъмурияту Сервису амният федеролии Русия мувофиқа шудааст. Биёед ошкоро бигуем, ки ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ қасам ёд мекунанд... равшан навишта шудааст, ки онҳо ӯҳдадоранд, қонунро риоя намоянд, ватани худро дӯст доранд ва ғайра ва ба амнияти миллӣ таҳдид накунанд", - гуфт ӯ дар ҷаласаи кумитаи Думаи давлатӣ.
"Шаҳрванде, ки қасдан ба чунин амал даст мезанад, бояд огоҳ бошад", - афзуд хонум Казакова.
Вид на жительство иностранного гражданина в отделении по вопросам гражданства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Маълум шуд, ки чанд тоҷикистонӣ дар Русия "ВНЖ" ва "РВП" дорад
Дар ҳамин ҳол, Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кард, ки "давлат ҳақ дорад шаҳрвандии Русия диҳад ва онро лағв кунад".
Вай илова кард, ки дар ин сурат шахрванд ҳуқуқ дорад аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят кунад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2022 зиёда аз 173,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русиягӣ гирифтаанд. Ҳамин тариқ шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2022 шаҳрвандӣ гирифтаанд ё соҳиби РВП ва ВНЖ мебошанд, ба зиёда аз 340 ҳазор нафар баробар гардидаст.
Вазорати умури дохилии Русия хабар дода, афзудааст, ки теъдоди тоҷикистониҳое, ки соли 2022 ба шаҳрвандии ФР қабул гардиданд, дар муқоиса бо нишондоди соли пешӣ 70 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Аз ҳама зиёд дар соли гузашта шаҳрвандии Русияро украиниҳо соҳиб гардидаанд. Ба иттилои ВУД Русия теъдоди шаҳрвандигирии украиниҳо дар муқоиса бо соли 2021 коҳиш коҳиш ёфта, дар соли 2022 ба 297 ҳазор нафар баробар шудааст.
Тоҷикистониҳо дар соли 2022 аз рӯи шумора баъди Украина дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0