https://sputnik.tj/20230405/khf-ruzhoi-oyandaro-dar-tojikiston-khatarnok-khond-1056193715.html
КҲФ рӯзҳои ояндаро дар Тоҷикистон хатарнок хонд
КҲФ рӯзҳои ояндаро дар Тоҷикистон хатарнок хонд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз рӯзҳои хатарноки баҳорӣ дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода, аз аҳолӣ хостааст, эҳтиёткор бошанд
2023-04-05T12:55+0500
2023-04-05T12:55+0500
2023-04-05T12:55+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
кҳф
офати табиӣ
борон
зиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳавои номусоиди хатарзо дар навоҳии Тоҷикистон то 7-уми апрели соли равон боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор додаст. Ба иттилои манбаъ, махсусан дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарби ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст."Боронҳо хатари эҳтимолии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳоро дар пай доранд, ҳамчунин омадани селҳо, резиши сангу лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч аз хатарҳои дигари эҳтимолӣ мебошанд", - омадааст дар иттилоия. Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад, таъкид намудаст Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон. Дар чунин рӯзҳо одамон аз сайру гашт дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо худдорӣ кунанд, маслиҳат додаст КҲФ. Лозим дониста шудаст, ки сайёҳон дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд."Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст. Рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки то ҳол бар асари боронгариҳо дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷанубу шимоли Тоҷикистон ба хоҷагии халқ зиён расонда шуда, дар баробари заминҳои кораму инфрасохтор инчунин хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд.
https://sputnik.tj/20230404/sel-khatlon-khonavoda-zarar-1056182736.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, кҳф, сел, обхезӣ, эҳтиёт, мақомот
ҳушдор, кҳф, сел, обхезӣ, эҳтиёт, мақомот
КҲФ рӯзҳои ояндаро дар Тоҷикистон хатарнок хонд
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз рӯзҳои хатарноки баҳорӣ дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода, аз аҳолӣ хостааст, эҳтиёткор бошанд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳавои номусоиди хатарзо дар навоҳии Тоҷикистон то 7-уми апрели соли равон боқӣ мемонад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор додаст.
Ба иттилои манбаъ, махсусан дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарби ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст.
"Боронҳо хатари эҳтимолии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳоро дар пай доранд, ҳамчунин омадани селҳо, резиши сангу лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч аз хатарҳои дигари эҳтимолӣ мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад, таъкид намудаст Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Дар чунин рӯзҳо одамон аз сайру гашт дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо худдорӣ кунанд, маслиҳат додаст КҲФ. Лозим дониста шудаст, ки сайёҳон дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд.
"Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст. Рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол бар асари боронгариҳо дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷанубу шимоли Тоҷикистон ба хоҷагии халқ зиён расонда шуда, дар баробари заминҳои кораму инфрасохтор инчунин хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд.