https://sputnik.tj/20230404/vahdat-javon-ikhtiyoran-khizmati-askari-1056185014.html
Аз шаҳри Ваҳдат 350 ҷавон ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтанд
Аз шаҳри Ваҳдат 350 ҷавон ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Ваҳдат эълон кардааст, ки дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз ин шаҳр 340 ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гарданд
2023-04-04T22:00+0500
2023-04-04T22:00+0500
2023-04-04T22:00+0500
дар тоҷикистон
артиш
хизматчиёни ҳарбӣ
аскарӣ
ваҳдат
ҷавонон
ихтиёрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/21/1026792129_0:103:2049:1255_1920x0_80_0_0_d3efe313073630b763e73bd026c00b00.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зиёда аз 340 даъватшаванда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуи неку дуои падару модарон ба хизмат равона шуданд.Ба иттилои манбаъ, бахшида ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат барномаи фарогир ва хотирмон баргузор шуд.Дар маросим масъулини шаҳри Ваҳдат таъкид карданд, ки шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор намуда, рӯзҳои наздик нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро менамояд.Гуфта шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳал гардида, сохтмон ва навсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад.Дар ҳамоиш ба зиёда аз 120 наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшавандагону волидайни онҳоро шод гардонид.
https://sputnik.tj/20230402/farzand-rais-shahr-isfara-artish-raft-1055914340.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/21/1026792129_118:0:1929:1358_1920x0_80_0_0_424d7e4e88e039efb96997e0645cc80e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ваҳдат, сафи артиш, ихтиёран, хизмати аскарӣ, ҷавонон
тоҷикистон, ваҳдат, сафи артиш, ихтиёран, хизмати аскарӣ, ҷавонон
Аз шаҳри Ваҳдат 350 ҷавон ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтанд
Мақомоти шаҳри Ваҳдат эълон кардааст, ки дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз ин шаҳр 340 ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гарданд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зиёда аз 340 даъватшаванда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуи неку дуои падару модарон ба хизмат равона шуданд.
Ба иттилои манбаъ, бахшида ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат барномаи фарогир ва хотирмон баргузор шуд.
Дар маросим масъулини шаҳри Ваҳдат таъкид карданд, ки шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор намуда, рӯзҳои наздик нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро менамояд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳал гардида, сохтмон ва навсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад.
Дар ҳамоиш ба зиёда аз 120 наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшавандагону волидайни онҳоро шод гардонид.