https://sputnik.tj/20230405/tijorat-tojikiston-ozarboyjon-qadar-1056190254.html
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон чӣ қадар аст?
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон чӣ қадар аст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар форуми сармоягузорӣ, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад, маълумот дар бораи гардиши мол миёни ду ҷумҳурӣ эълон ва дурнамои рушд баррасӣ шуд
2023-04-05T10:58+0500
2023-04-05T10:58+0500
2023-04-05T10:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тиҷорат
савдо
додугирифт
озарбойҷон
илҳом алиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046189013_0:143:1500:987_1920x0_80_0_0_555a70f8acd77325de876e56c9bbff63.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Муносибатҳои тиҷории Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳоли таҳким қарор дошта, мубодилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2022 ҳудуди 6,5 млн долларро ташкил додаст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода хабар дод.Бар асоси омори гумрукӣ, аз ҳаҷми умумии додугирифт наздики 6 млн доллар ба воридоти коло аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост омада, зиёда аз 400 ҳазор долларро содирот ташкил додаст. Дар доираи форуми сармоягузорӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, зикр гардид, ки ду кишвар барои боло бурдани нишондиҳандаҳои тиҷорати мутақобила ва транзити коло имконоти бузург доранд. Ҳамин тариқ, намояндагони 36 ширкати бузурги Озарбойҷон ба чорабинии b2b омаданд.Ҳамоиши мазкур бахшида ба сафари раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе баргузор шуда, дар он имкониятҳои сармоягузорӣ муаррифӣ гардиданд. Сафари давлатии Алиев дар Тоҷикистон 5 апрел оғоз гардида, дар доираи он музокирот бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ва имзои як қатор санадҳо дар назар мебошад. Эмомалӣ Раҳмон аз Алиев барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ишқобод даъват карда буд. Интизор меравад, ки дар доираи ин боздид ва ҳамоишҳо дар ҳошияи он асноди нав дар бораи ҳамкориҳо миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ ба имзо бирасад.
https://sputnik.tj/20230405/dushanbe-emomali-rahmon-muloqot-1056187207.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046189013_100:0:1433:1000_1920x0_80_0_0_cb91f5a6dd5055569ce9fd2269d02095.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ҳаҷм, додугирифт, тоҷикистон, озарбойҷон
эълон, ҳаҷм, додугирифт, тоҷикистон, озарбойҷон
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон чӣ қадар аст?
Эксклюзив
Дар форуми сармоягузорӣ, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад, маълумот дар бораи гардиши мол миёни ду ҷумҳурӣ эълон ва дурнамои рушд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Муносибатҳои тиҷории Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳоли таҳким қарор дошта, мубодилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2022 ҳудуди 6,5 млн долларро ташкил додаст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода хабар дод.
Бар асоси омори гумрукӣ, аз ҳаҷми умумии додугирифт наздики 6 млн доллар ба воридоти коло аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост омада, зиёда аз 400 ҳазор долларро содирот ташкил додаст.
Дар доираи форуми сармоягузорӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, зикр гардид, ки ду кишвар барои боло бурдани нишондиҳандаҳои тиҷорати мутақобила ва транзити коло имконоти бузург доранд.
Ҳамин тариқ, намояндагони 36 ширкати бузурги Озарбойҷон ба чорабинии b2b омаданд.
Ҳамоиши мазкур бахшида ба сафари раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе баргузор шуда, дар он имкониятҳои сармоягузорӣ муаррифӣ гардиданд.
Сафари давлатии Алиев дар Тоҷикистон 5 апрел оғоз гардида, дар доираи он музокирот бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ва имзои як қатор санадҳо дар назар мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз Алиев барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ишқобод даъват карда буд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин боздид ва ҳамоишҳо дар ҳошияи он асноди нав дар бораи ҳамкориҳо миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ ба имзо бирасад.