https://sputnik.tj/20230405/dushanbe-emomali-rahmon-muloqot-1056187207.html
Алиев дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад
Алиев дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Озарбойҷон бо даъвати ҳамтои тоҷикистонияш аз Душанбе боздид карда, дар сатҳи гуногун таҳкими равобити дуҷонибаро баррасӣ менамояд 05.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-05T09:41+0500
2023-04-05T09:41+0500
2023-04-05T09:43+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
боздид
илҳом алиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135563_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fd2ccf9ae1a1beecf0d90e0e9bccb7da.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сафари давлатии президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев оғоз мегардад. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, оғози сафар 5 апрел дар назар буда, зимни он музокироти сатҳи олӣ баргузор мегарданд. Интизор меравад, ки Алиев бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон музокирот кунаду дар натиҷа санадҳо низ ба имзо расанд, аммо тафсилот ҳанӯз эълон нагардидааст. Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи сафари Алиев ахиран дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир гардида, зимни он имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот баррасӣ шуданд. Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб иштирок доштанд. Дар феҳрасти иштирокдорон аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва ғайра зикр шудаанд.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ тавзеҳ дод, ки дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳо муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
https://sputnik.tj/20230228/bonki-milli-ozarboyjon-sozishnoma-hamkori-imzo-1055206453.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135563_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_b70d3839e4045ce70743c137aa8ac680.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, боздид, илҳом алиев
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, боздид, илҳом алиев
Алиев дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад
09:41 05.04.2023 (Навсозишуда: 09:43 05.04.2023) Президенти Озарбойҷон бо даъвати ҳамтои тоҷикистонияш аз Душанбе боздид карда, дар сатҳи гуногун таҳкими равобити дуҷонибаро баррасӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сафари давлатии президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев оғоз мегардад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, оғози сафар 5 апрел дар назар буда, зимни он музокироти сатҳи олӣ баргузор мегарданд.
Интизор меравад, ки Алиев бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон музокирот кунаду дар натиҷа санадҳо низ ба имзо расанд, аммо тафсилот ҳанӯз эълон нагардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи сафари Алиев ахиран дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир гардида, зимни он имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот баррасӣ шуданд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб иштирок доштанд.
Дар феҳрасти иштирокдорон аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва ғайра зикр шудаанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ тавзеҳ дод, ки дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳо муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.