Нигаронии додситон аз афзоиши ҷиноёти экстремистию террористӣ дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бештар сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта дар миқёси вилояти Суғд наздики 18% зиёд гардидааст.
Ин нукта зимни мулоқот гуруҳи кории ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати додситони кулли ҷумҳурӣ, Юсуф Раҳмон ва котиби шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода бо фаъолон дар шаҳри Конибодом таъкид гардид.
Юсуф Раҳмон таъкид кардааст, ки бештари чунин ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бештар сабт шудааст.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Раҳмон гуфт, чанд мансабдор фарзандашро ба артиш гусел кард
“Бахусус шаҳри Исфара дар ин масъала яке аз минтақаҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандони Исфара ва 2 нафар сокинони шаҳри Конибодом бо тадриси ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта шудаст”, - гуфт Раҳмон.
Ӯ инчунин зикр намудаст, ки давоми соли 2022 мувофиқан дар шаҳри Исфара 8 ва Конибодом 7 ҳодисаҳои худкушӣ рух додааст.
Қаблан ВКД Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли 2022 дар қаламрави мамлакат 36 ҳолати таълимоти ғайрасмии динӣ ошкор карда шуда, 8 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Инчунин таъкид гардид, соли гузашта аз тарафи ноболиғон беш аз 700 ҷиноят ва ҷавонон бошад наздики 3,6 ҳазор ҷиноят сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0