Хатсайр ва роҳкирои автобусҳо дар ВМКБ

Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора 6 масири ҳаракати автобусҳо ифтитоҳ шуданд, ки бо нархҳои дастрас дар хизмати аҳолии ин минтақаи дурдастанд
Ҳукумат аз оғози баҳори соли равон бо дастрас кардани автобусҳои мусофирбар ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ният дорад, сифати хизматрасонии нақлиётиро беҳбуд бахшад.
Бар асоси иттилои мақомот, ҳаракати автобусҳо миёни маркази маъмурии вилоят ва навоҳӣ роҳандозӣ мегардад.
Панҷ мошини мусофирбар дар Хоруғ ва 3 мошини дигар ба минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа мусофирбарӣ хоҳанд кард.
Аз омилҳои нисбатан ҷолибу муфиди мусофирбарҳои нав нархи дастраси онҳо арзёбӣ мегардад.
Масири ҳаракати мусофирбарҳо вобаста ба ноҳия аз 10 то 240 километрро ташкил медиҳад.
Дар феҳрасти масирҳои ҷадиди ҳаракати автобусҳои давлатӣ аз ҷумла номбар шуданд:
Хоруғ – Дарвоз (Қалъаи Хумб);
Хоруғ – Ванҷ;
Хоруғ – Рӯшон;
Хоруғ – Ишкошим;
Хоруғ – Шуғнон;
Хоруғ — Роштқалъа.
Нархи сафар ба дарозии хатсайр вобаста буда, аз 2,5 сомонӣ то 67 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо мусофирбарҳои хусусӣ нисбатан арзон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Помир 26 автобуси муосири мусофирбар фиристода шуда буд.
Роҳкирои автобус дар дохили Хоруғ 1,5 сомонӣ муқаррар шудааст
Мусофирбарҳои мазкур дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёт то соли 2025 интиқол дода шудаанд. Дар чаҳорчӯби ин барнома бунёди роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо дар назар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0