https://sputnik.tj/20230327/rohkiroi-avtobus-khorugh-1055793516.html
Роҳкирои автобуси мусофиркаш дар дохили Хоруғ 1,5 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳкирои автобуси мусофиркаш дар дохили Хоруғ 1,5 сомонӣ муқаррар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот шаҳри Хоруғ ахиран эълон кард, ки дар шаҳр хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас ба мардум оғоз гардид
2023-03-27T20:59+0500
2023-03-27T20:59+0500
2023-03-27T20:59+0500
дар тоҷикистон
автобус
роҳкиро
хоруғ
вмкб
хизматрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055793335_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_88278682fbd7ed6708df85c67eb28a71.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Автобусҳои мусофиркаш, ки чанде пеш ба шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд, дар хатсайрҳои шаҳр ба фаъолият оғоз намуданд, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.Тибқи иттилои манбаъ нархи роҳкирои автобусҳо 1,5 сомонӣ буда, реҷаи фаъолияташон аз соати 7:00 то 19:00-ро дар бар мегирад.“Хатсайри фаъолияти автобусҳои мусофирбар аз "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Султони Валӣ, "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Ниводак, инчунин аз "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Андарситез, мавзеи Боғи ботаникӣ ва аз маҳаллаи Тем то Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад”, - иттилоъ додааст манбаъ.Ҳамчунин мақомоти шаҳри Хоруғ зикр кардааст, ки аз 5 автобус 2 адад бинобар зичии аҳолӣ дар хатсайри рақами 1 хизмат мерасонад.Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон барои давраи то соли 2025" бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашонӣ фиристода шуданд.
https://sputnik.tj/20230313/maqomot-kulob-vmkb-avtobus-firistod-1055469097.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055793335_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_b5e524bb99fc2ef2bcff93e7ba43162b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хоруғ, автобус, роҳкиро, мусофиркаш, хизматрасонӣ, вмкб
тоҷикистон, хоруғ, автобус, роҳкиро, мусофиркаш, хизматрасонӣ, вмкб
Роҳкирои автобуси мусофиркаш дар дохили Хоруғ 1,5 сомонӣ муқаррар шудааст
Мақомот шаҳри Хоруғ ахиран эълон кард, ки дар шаҳр хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас ба мардум оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Автобусҳои мусофиркаш, ки чанде пеш ба шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд, дар хатсайрҳои шаҳр ба фаъолият оғоз намуданд, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.
Тибқи иттилои манбаъ нархи роҳкирои автобусҳо 1,5 сомонӣ буда, реҷаи фаъолияташон аз соати 7:00 то 19:00-ро дар бар мегирад.
“Хатсайри фаъолияти автобусҳои мусофирбар аз "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Султони Валӣ, "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Ниводак, инчунин аз "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Андарситез, мавзеи Боғи ботаникӣ ва аз маҳаллаи Тем то Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин мақомоти шаҳри Хоруғ зикр кардааст, ки аз 5 автобус 2 адад бинобар зичии аҳолӣ дар хатсайри рақами 1 хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон барои давраи то соли 2025" бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашонӣ фиристода шуданд.