Горди фахрию Расулзода: Алиевро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

© Официальный сайт Президента Азербайджанской РеспубликиИльхам Алиев прибыл с госвизитом в Таджикистан
Ильхам Алиев прибыл с госвизитом в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Дафтари матбуоти президенти Озарбойҷонро фазои Душанберо барои пешвози Илҳом Алиев мутантан тасвир карда, афзудаст, ки шаҳр бо парчамҳои ду кишвар оро дода шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Озарбойҷон иттилоъ дода, афзуд, ки роҳбари ин кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.
Таъкид шудаст, ки фурудгоҳ ва шаҳр бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар оро дода шуда буд.
Ҳамчунин ба ифтихори сарвари давлат дар Душанбе каровули фахрӣ саф орост, омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти президенти Озарбойҷон.
Сипас Алиев дар Душанбе пеши муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Таджикистан и Азербайджан обсудили экономические вопросы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон чӣ қадар аст?
Дар доираи сафар музокирот бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ва имзои як қатор санадҳо дар назар мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз Алиев барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ишқобод даъват карда буд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин боздид ва ҳамоишҳо дар ҳошияи он асноди нав дар бораи ҳамкориҳо миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ ба имзо бирасад.
Маврид ба зикр аст, ки мубодилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2022 ҳудуди 6,5 млн долларро ташкил додаст, ки аз ин наздики 6 млн доллар ба воридоти коло аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост омада, зиёда аз 400 ҳазор долларро содирот ташкил додаст.
Лентаи хабарҳо
0