Бонки миллӣ ва Бонки марказии Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард

© Пресс-служба Национальный банк ТаджикистанаҲоким Холиқзода ва Талеҳ Таҳир масоили ҳамкориро баррасӣ карданд
Ҳоким Холиқзода ва Талеҳ Таҳир масоили ҳамкориро баррасӣ карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Обуна шудан
Бонки марказии Озарбойҷон омодааст, ҷиҳати табодули таҷриба дар ин самт бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ахиран раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси Бонки марказии Озарбойҷон Казимов Талеҳ Таҳир, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард
Ҳамчунин зимни мулоқот тарафҳо дар бораи масирҳои нави ҳамкориҳои низоми бонкии Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугӯ карданд.
Раиси Бонки миллӣ дар ин дидор гуфт, Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро ба роҳ мондаанд, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар мебошад.
Ҳоким Холиқзода афзуд, маҳз ба шарофати равобити рушди устувори иқтисодӣ ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байни бонкҳои ду кишвар муайян гардиданд.
Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Соҳиба Ғаффорова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Ваъдаи раиси парлумони Озарбойҷон ба истифода аз тамоми имконот барои таҳкими ҳамкорӣ
Дар навбати худ, раиси Бонки марказии Озарбойҷон Казимов Талеҳ Таҳир қайд кард, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ ва таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Бонки марказии Озарбойҷон низ, тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намояд.
Вай афзуд, Бонки марказии Озарбойҷон омодааст, барои табодули таҷриба бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад.
Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо омодагии худро барои дар рӯзҳои наздик ба имзо расонидани лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон иброз намуданд.
Дар ин дидор қайд карда шуд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи низоми бонкии ҳарду кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0