https://sputnik.tj/20230405/aliev-poyai-mujassama-ismoili-somoni-gulchanbar-1056204957.html
Алиев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Алиев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
2023-04-05T15:05+0500
2023-04-05T15:05+0500
2023-04-05T15:05+0500
дар тоҷикистон
илҳом алиев
душанбе
гузоштани гулчанбар
исмоили сомонӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056198898_0:50:1340:804_1920x0_80_0_0_389de6f36faf76094b8504c4d4219eeb.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", воқеъ дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе омад ва ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Манбаъ хабар додааст, ки дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Озарбойҷонро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.Ёдовар мешавем, ки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Санаи 4 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.Дар форум масъалаҳо оид ба имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, инчунин имконоти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ карда шуд.Дар доираи форуми мазкур санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат – Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расонида шуд.
https://sputnik.tj/20230405/fakhri-rasulzoda-aliev-dushanbe-peshvoz-1056196062.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056198898_0:0:1156:867_1920x0_80_0_0_4724538c32c754583805f3e8aa03e4e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, илҳом алиев, душанбе, гулчанбар, исмоили сомонӣ, поя, муҷасама
тоҷикистон, озарбойҷон, илҳом алиев, душанбе, гулчанбар, исмоили сомонӣ, поя, муҷасама
Алиев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", воқеъ дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе омад ва ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Озарбойҷонро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Санаи 4 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар форум масъалаҳо оид ба имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, инчунин имконоти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи форуми мазкур санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат – Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расонида шуд.