Мақоми тоҷик: тааҳудоти худ барои узвияти комили Эрон дар СҲШ-ро иҷро кардаем

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Обуна шудан
Як мақоми вазорати умури хориҷа Тоҷикистон гуфт, ки ҷумҳурӣ таъаҳҳудоти худ дар бораи вуруди комили Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхайро анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Сарпарасти ҳамоҳангкунанда миллии Тоҷикистон дар умури Созмони Ҳамкории Шанхай Аҳмади Саидмродзода гуфт, ки кишвараш тааҳҳудоти худ дар бораи вуруди комили Эрон ба СҲШ анҷом додааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Вазорати умури Тоҷикистон ин маълумотро ба Sputnik Тоҷикистон низ тайид кард.
Ин мақоми тоҷик, ки дар хусуси ин мавзуъ бо хабарнигори "Форс" суҳбат карда изҳор доштааст, ки Тоҷикистони қаблан ба дабирхонаи кишварҳои узви СҲШ дар хусуси такмили мароҳили дохилии марбут ба лозимулиҷроашон ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои касби вазъияти узвияти комил дар ин созмон итилоъ додааст.
Бад ин тартиб ҷониби Тоҷикистон бар тааҳҳудоти худ дар масири вуруди Ҷумҳурии ислолмӣ ба ин созмон ба унвони узви комил амал кардааст.
Муродзода тасреҳ кард, ки дар робита бо ин мавзуъ бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистони мубтакири пайгирии дархости Эрон дар СҲШ буда ва ин мавзуъ ба унвони яке аз авлавиятҳои раёсати кишвар дар ин созмон дар солҳои 2020 - 2021 ба шумор мерафт.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Раисӣ: Эрон ба ҳамкориҳо бо СҲШ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад
Дар натиҷа, дар иҷлоси созмон, ки дар 17 сентябри 2021 дар Душанбе баргузор шуд, тасмими Шӯрои сарони кишварҳои узви мабнӣ бар оғози раванди пазириши Эрон ба узвияти СҲШ иттихоз шуд.
Бино бар гуфтаи ин мақоми тоҷик, интизор меравад дар даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ дар Ҳинд, тасмим дар мавриди такмили мароҳили пазириши Эрон иттихоз ва ин кишвар ба узвияти комили ин созмон дар хоҳад омад.
СҲШ дар 15 июни соли 2001 эҷод шуда ва ба ин созмон Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мешаванд.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистони дорои вазъият нозир ҳастанд ва Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка кишварҳои шарик ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0