https://sputnik.tj/20230404/taqviyati-ravobit-bayniparlumon-tojikiston-rusiya-1056171767.html
Баррасии тақвияти равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия
Баррасии тақвияти равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст
2023-04-04T18:05+0500
2023-04-04T18:05+0500
2023-04-04T18:05+0500
дар тоҷикистон
русия
сафири русия
ҳамкорӣ
тавсеа
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев масоили тавсеаи равобити байнипарлумонӣ байни ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст котиботи матбуоти Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ.Дар ин дидор қайд карда шудааст, ки ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст ва байни вакилони парлумонҳои ин давлатҳо вохӯриву суҳбатҳои судманд доир мешаванд.Ҳамзамон дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Русияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд.“Ҳамкории ду давлат ҳамчунин дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбад. Ин раванд бо таъсиси намояндагии КВД "Россотрудничество", Маркази иттилоотиву фарҳангии Бунёди "Русский мир" дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт”, - таъкид кардаанд ҷонибҳо.Инчунин қайд карда шудааст, ки айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи (славянии ) Русия ва Тоҷикистон инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Москва – Донишгоҳи давлатии Русия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Маскав фаъолият доранд.Тӯли солҳои охир теъдоди умумии донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ табодули афкор карда шуд.
https://sputnik.tj/20230402/shirkat-bonufuz-rusiya-tojikiston-1055915362.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, тавсеа, байнипарлумонӣ, сафир, парлумон
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, тавсеа, байнипарлумонӣ, сафир, парлумон
Баррасии тақвияти равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия
Дар ҳошияи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев масоили тавсеаи равобити байнипарлумонӣ байни ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст котиботи матбуоти Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ.
Дар ин дидор қайд карда шудааст, ки ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст ва байни вакилони парлумонҳои ин давлатҳо вохӯриву суҳбатҳои судманд доир мешаванд.
Ҳамзамон дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Русияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд.
“Ҳамкории ду давлат ҳамчунин дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбад. Ин раванд бо таъсиси намояндагии КВД "Россотрудничество", Маркази иттилоотиву фарҳангии Бунёди "Русский мир" дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт”, - таъкид кардаанд ҷонибҳо.
Инчунин қайд карда шудааст, ки айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи (славянии ) Русия ва Тоҷикистон инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Москва – Донишгоҳи давлатии Русия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Маскав фаъолият доранд.
Тӯли солҳои охир теъдоди умумии донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ табодули афкор карда шуд.