https://sputnik.tj/20230402/shirkat-bonufuz-rusiya-tojikiston-1055915362.html
Ширкатҳои бонуфузи Русия ба Тоҷикистон меоянд
Ширкатҳои бонуфузи Русия ба Тоҷикистон меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкатҳои русӣ дар бахши нақлиёт, кимиё, дорусозӣ, ғизо ва ғайра барои муаррифии имкониятҳои ҳамкорияшон ба Тоҷикистон меоянд 02.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-02T10:30+0500
2023-04-02T10:30+0500
2023-04-02T10:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
русия
соҳибкор
мулоқот
палатаи савдо ва саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_66ff30e070791074ebbc36fa438f09a7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳайати намояндагони бахши хусусии Русия аз вилояти Олтой бо нияти роҳандозии ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик аз Душанбе боздид хоҳанд кард. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ дод, афзуд, ки ҳайати меҳмонон10 апрел дар шаҳри Душанбе бо соҳибкорони тоҷик мулоқот хоҳанд дошт.Ба ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой масъулини 6 ширкату корхонаи фаъол дар бахши нақлиёт, кимиё, дорусозӣ, ғизо ва ғайра ворид мебошанд. Аз ҷумла ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукраву боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулоти косметикӣ, хизматрасонии логистикӣ, нӯшокиҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ фаъол мебошанд. Аз намояндагони Тоҷикистон даъват шудааст, ки барои иштирок дар ин мулоқот фаъол бошанду фурсати таҳкими ҳамкориро истифода баранд. Маврид ба зикр аст, ки моҳе қабл ҳайати Олтой, таҳти роҳбарии Игор Степаненко, муовини раиси ҳукумати вилоят дар Тоҷикистон қарор доштанд. Дар мулоқотҳои ин ҳайат ба намояндагони Тоҷикистон масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.
https://sputnik.tj/20230303/reshetnikov-tojikiston-bozori-oyandadori-sayyohi-1055300433.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_141:0:1200:794_1920x0_80_0_0_c6bca8e9e771c509ec590491013c494f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, ҳамкорӣ, русия, соҳибкор, мулоқот, палатаи савдо ва саноат
дар тоҷикистон, иқтисод, ҳамкорӣ, русия, соҳибкор, мулоқот, палатаи савдо ва саноат
Ширкатҳои бонуфузи Русия ба Тоҷикистон меоянд
Намояндагони ширкатҳои русӣ дар бахши нақлиёт, кимиё, дорусозӣ, ғизо ва ғайра барои муаррифии имкониятҳои ҳамкорияшон ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳайати намояндагони бахши хусусии Русия аз вилояти Олтой бо нияти роҳандозии ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик аз Душанбе боздид хоҳанд кард.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ дод, афзуд, ки ҳайати меҳмонон10 апрел дар шаҳри Душанбе бо соҳибкорони тоҷик мулоқот хоҳанд дошт.
Ба ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой масъулини 6 ширкату корхонаи фаъол дар бахши нақлиёт, кимиё, дорусозӣ, ғизо ва ғайра ворид мебошанд.
Аз ҷумла ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукраву боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулоти косметикӣ, хизматрасонии логистикӣ, нӯшокиҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ фаъол мебошанд.
Аз намояндагони Тоҷикистон даъват шудааст, ки барои иштирок дар ин мулоқот фаъол бошанду фурсати таҳкими ҳамкориро истифода баранд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳе қабл ҳайати Олтой, таҳти роҳбарии Игор Степаненко, муовини раиси ҳукумати вилоят дар Тоҷикистон қарор доштанд.
Дар мулоқотҳои ин ҳайат ба намояндагони Тоҷикистон масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.
Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.